Туркманистониҳо барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ як сол навбат меистанд

Мақомоти муҳоҷирати вилояти Туркманободи Туркманистон гуфтанд, навбатпойӣ барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ то моҳи феврали соли 2020 пур шудааст. Аммо сарфи назар аз ин сокинон мехоҳанд, худро сабти ном кунанд.

«Ин рӯзҳо пушти дари хадамоти муҳоҷират навбатпоии тӯлонӣ мушоҳида мешавад. Аммо ҳоло ба сокинон хабар медиҳанд, ки танҳо баъди моҳи феврали соли 2020 навбаташон хоҳад расид. Болои ин, гуфта мешавад, ки баъди ҷамъоварии ҳамаи ҳуҷҷатҳо ду моҳи дигар бояд интизор шуд, то шиносномаи хориҷӣ таҳия гардад», — гуфт як сокини маҳаллӣ.

Ба гуфтаи ин сокин, навбатпоии тӯлонӣ барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ ба он вобаста аст, ки бисёриҳо мехоҳанд, барои таҳсил ё кор ба хориҷ раванд.

«Ҳоло дар минтақаҳои Туркманистон бекорӣ сартосарӣ шудааст. Ҳамасола ҳазорон хатмкардаи мактаб ва сарбозони фориғшуда аз артиш наметавонанд, кор пайдо кунанд ва ба хориҷ мераванд», — гуфт ин сокин.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *