Марги Бахтиёр тасодуфӣ буд ё сӯйқасд?

     Беш аз як моҳ аст, ки хабари  пайдо шудани ҷасади ҷавонмарди конибодомӣ, ки  зери чархи мошин монда фавтидааст якчанд тахмину гумонҳоро ба миён овард. Оид ба марги Бахтиёр ҳар нафар ба таври худ хулосабарорӣ мекард. Аммо аксаран ҳодисаро фоҷеа не, балки сӯйқасд арзёбӣ мекарданд,  хосатан сокинони шаҳри Конибодом. Баъзеҳо ин  ҳодисаро ба кори  дасти авбошону кӯчагардон рабт медоданд.

 Хулас ин ва ба ин монанд сару садоҳо ҳамарӯза қолаби нав гирифта “гули сари сабади” даҳони мардум мегашт. Барои асли ҳодиса ва сабабро бевосита аз забони наздикони марҳум шунидан мо роҳ пеш гирифтем сӯи хонаи эшон.

   Раҳораҳ ҳар нафари пешомадаро пурсон мешудем, ки “хонаи марҳум Бахтиёр дар куҷо?” сокинон бо вуҷуди он ки бегонаанд мисоли худӣ оҳи бадарде кашида суроғаро ишора мекарданд. Хулас  суроғапурсиҳои зиёд  ниҳоят расидем ба ҷои ҳодиса, яъне ҷамоати деҳоти Ниёзбек, кӯчаи Муқимӣ 13.

                        Зулхумор: ҲАР ГОҲ БА ДУ ЯТИМАШ НИГОҲ КУНАМ ДИЛАМ ОБ МЕШАВАД

    Се сол пеш шавҳарам мурда буд. Фурсати зиёд гузашта бошад ҳам то ҳол ғами марги ӯро ҳазм накарда будам. вале ба ҳар ҳол “6 фарзандам дар барам-ку” гуфта худро тасалло медодам. Байни се писарам раҳматии Бахтиёрҷон меҳрубонтар буд. Шояд писари кенҷагӣ буду ба назарам чунин менамуд, аммо меҳру меҳрубонияш тамоман дигар буд.

    Бахтиёрҷони ғӯрамаргам аз Руссия омаданашро нав  5 моҳ шуда буд. Мисоли кӯдаки навпо ӯро эҳтиёту эркадорӣ мекардам, ки дар мулки ғарибӣ азоби гуруснагиву бехобиҳоро кашидааст. Гоҳо писарам ҳам шухӣ карда мегуфт, ки модарҷон маро сахт эрка накунед, ман дар Руссия азоби кашидагим не. Он ҷо ҳам мисли ҳамин ҷо рӯз кор мекардему шаб хоб.  Чаро мисоли он ки аз ҷанг ё ҳабс омада бошам ғами маро мехӯред? Монед маро сахт эрка накунед, ки “бачаи шух” нашавам гӯён шухиҳои ба худаш зебандае мекард ҷигарбандам-бо ашки шашқатор нақл мекунад модари марҳум —Зулхумор Қаюмова.

Тафсилоти ҳодисаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

 

                                                                                                                                                       Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *