Досовро барои танқиди президент зиндонӣ карданд

Соҳибкори қазоқ Санат Досов барои танқиди президенти Русия дар Фейсбук ба мӯҳлати се сол аз озодӣ маҳрум шуд. Додгоҳи Оқтеппа Досовро дар «барангехтани низои қавмӣ» гунаҳкор донист. Навиштаҳои ин соҳибкор дар бораи Владимир Путин дар шабакаи Фейсбук барои эълони гуноҳ сабаб шудаанд.

Нашрияи «Актобе Таймс» мегӯяд, дар навиштаҳои Досов ин ақида хонда мешуд, ки «Путин кишварро вайрон мекунад». Ӯ, инчунин, аз мардуми Русия даъват кардааст, ки «ба фашизм дар сарзамини худ хотима диҳанд». Санат Досов изҳори пушаймонӣ карда ва аз додгоҳ хост, ки бо назардошти муроқибаташ аз кӯдакони ноболиғ ӯро зиндонӣ накунад. Вакили айбдоршаванда аз қарори додгоҳ розӣ нест ва мехоҳад, онро дар додгоҳи болотар ба чолиш бикашад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *