Марги ду нафар дар натиҷаи чаппа шудани теппа дар кони Шугнов
Дар кони тиллои Шугнов теппа чаппа шудааст, ки дар натиҷа ду нафар- Тоҳир Маҳмадов(1979) ва Дилшод Маҳмадов(1986) ҷон бохтаанд.
Дар ин хусус Раҷабалӣ Мирзоев, раиси ҷамоати Шугнов ба расонаҳо хабар дода гуфтааст, ки ҷасадҳо аз зери хок берун оварда шудааст. Ӯ мегӯяд:«намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулода омаданд ва бо ёрии онҳо ҷасадҳоро аз зери хок ёфта ва ба хонаашон фиристодем. Онҳо соати ҳафтуними бегоҳ бо даст ба ҷустуҷӯи тило дар қитъаи якуми кони Шугнов сар карда будаанд.»
Бар асоси гуфтаи раиси ҷамоати Шугнов, дар натиҷаи чаппа шудани кӯҳ танҳо ду нафар Тоҳир ва Дилшод Маҳмадовҳо ҳалок шудаанд ва дигар талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Раиси ҷамоати Сариосиёи Ховалинг гуфтааст, ки ин ду нафар барои ёфтани тилло барои худ нисфишабӣ ба кон даромадаанд ва ин ҳодса ба вуқуъ омадааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ