Камтарин музди меҳнат дар Осиёи Миёна дар Тоҷикистон аст

Тоҷикистон дар байни собиқ кишварҳои Шӯравӣ, ба хусус кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама музди меҳнати камтарин ба шаҳрвандони худ арза мекунад.


Назарсанҷиҳо ва тадқиқотҳои иқтисодӣ, ки натиҷои он дар сомонаҳои хабарӣ нашр шуд, ба ин далолат мекунанд, ки Тоҷикистон бо 110 доллари амрикоӣ музди меҳнат дар Осиёи Миёна камтарин ҳаққи музди меҳанатро ба шаҳрвандонаш медиҳад.

Кумитаи омори Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои иқтисодии ин кишвар чунин рақамро рад намекунанд. Бар асоси иттилои расонаҳо, тадқиқотҳо анҷомшуда собит мекунанд, ки ҳадди аққали даромади моҳонаи коргарон дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар соли гузаштаи мелодӣ 19,1 доллар будааст, ки ин рақами боварнокарданӣ мебошад.

Бар асоси ҳамин тадқиқотҳо, дар соли гузаштаи мелодӣ дар кишвари мо, музди меҳанат 93 доллар ва фоида дар бахши кишварзӣ 35то 80 доллар дар моҳ будааст.

Аз ин ҷост, ки Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 фармони баланд кардани музди меҳанат барои кормандони бахши буҷавиро зиёд кард, вале ба иллати оғози буҳурони иқтисодӣ дар Тоҷикистон ин фармон то моҳи июли ҳамин сол амалӣ нагашт. Он замон ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул карда буд, ки фармони баланд бардоштани муздимеҳнати кормандони бахши буҷави ба муддате нигоҳ дошта шавад. Аммо дар моҳи майи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармони дубора ба ниҳодҳои моллӣ дастур дод, то маоши ҳама бахшҳо зиёд карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон он замон дар иртибот ба буҳрони иқтисоди дар Тоҷикистон дастур дода буд, ки мизони тавлидот дар бахши кишоварзӣ нисбат ба соли гузашта афзоиш дода шавад ва барои ин кор тарҳ  ва лоиҳа амалӣ гардад:» Барои ҷуброни камбуди маводи ғизоӣ, ҷилавгирӣ аз афзоиш қиматҳо ва муқобила бо гуруснагӣ дар кишвар бояд аз заминҳои рушди кишоварзӣ истифода беҳтар кард ва кишоварзон аз заминҳо баҷои як маҳсул ду маҳсул дар сол бардошт кунанд».
Бояд гуфт, дар байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ Тоҷикистон камтарин музди меҳанатро ба шаҳрвандонаш арза мекунад, зеро ба муқоиса бо Тоҷикистон Қирғизистон 210 доллар, Озарбойҷон 278 доллар, Арманистон 375 даллар музди меҳанат медиҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.