Марги ду пизишки шинохтаи тоҷик аз COVID-19 дар 1 рӯз
Ҷарроҳи кӯдакона ва мудири шуъбаи бемористони “Қарияи боло” дар шаҳри Душанбе Шералӣ Султонов аз олам даргузашт. Номбурда доктори илмҳои тиб, профессор мебошад. Шогирдон аз даргузашти Шералӣ Султонов дар саҳифаҳои иҷтимоӣ афсӯс мехӯранд: «Устоди азизу меҳрубон барои мо шогирдон падар буд. Имрӯз, 21 май бо амри тақдир дунёро тарк кард. Рӯҳат шод бод”.
Ҷаннатуллох Комил, корбари Фейсбук ва яке аз шогирдони марҳум менависад, ки Шералӣ Султонов бар асари бемории коронавирус ин дунёро падруд гуфт. “Саҳми эшон дар ҷарроҳӣ ва табобати ҳазорҳо кудаки бемори ин беморхона барои ҳама ҳамкасбону бемордорон маълум аст. Аз Худованди муттаъол барои эшон раҳмату мағфират ва барои наздиконашон сабри ҷамилро хоҳонам”,-менависад Ҷаннатуллоҳ.
Дар як рӯз ин дуюмин талафоти ҷарроҳ ва донишманд дар соҳаи тандурустии кишвар мебошад. Пизишки шинохтаи дигари тоҷик Саидшо Акрамов 21-уми май дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.
Наздикони марҳум даргузаштанашро аз сактаи қалб унвон карданд, аммо вуҷуди коронавирус дар устод низ ба ин боис гаштааст. Зеро чанде қабл хабарҳо дар бораи бистарӣ шудани ин табиб дар беморхона пайдо шуда, гуфта мешуд ӯ аз бемории коронавирус ранҷ мекашад.
Саидшоз Акрамов пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба зодгоҳаш баргашта, яке аз аввалин ҷарроҳони ноҳияи Мастчоҳ шуда, фаъолиятро оғоз намудааст. То ба имрўз шогирдони зиёдеро ба воя расонида, дар ин муддат ба ҳайси мудири шуъбаи “Ҷарроҳии урология ва травматология”, ёрдамчии сардухтор кор мекард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ