Боз марги як духтур ва ноиби ректор аз СOVID -19

Саёҳат аз олам даргузашт. Хоҳараки мушфиқи ман, дӯсти хонадонам, духтури ғарибону бекасону мӯҳтоҷон аз олам даргузашт. Бо ӯ як ҷаҳон орзу  аз олам даргузашт. Соате қабл аз марг бо ӯ сӯҳбати телефонӣ доштам.

Пурсидам: “- Саёҳат чӣ шуд?” Дар ҷавоб: “- Акоҷон, вазнин шудам, 12 рӯз аст дар бемористонам. Аввал беморони коронавирусро қабул мекардам, баъд худам бемор шудам. Таб дорам, паст  намешавад. Нафасам танг меояд. Шояд нағз мешавад”- гуфт ӯ. Аммо нағз нашуд. Ӯ, ки умеди ҳазорон беморон буд, худ аз вабои коронавирус аз олам даргузашт. Ӯ ҳамтақдири даҳҳо духтурони дигар шуд, ки чун аскари бесилоҳ даст ба гиребон бо аждаҳои марг буданд.

 Ӯ намедонист алайҳи чӣ меҷангад ва бо чӣ меҷангад. Ба ӯ гуфтанд, ки ту қасами духтурӣ ёд кардӣ, ба қасамат содиқ бимон. Ӯ нагуфт, ки либосе надорам, ки маро аз ин вирус наҷот диҳад. Ӯ нагуфт, ки шумо воизон чӣ? Охир шумо ҳам қасами касбӣ хӯрдед, вале паси парда пинҳонед. Ӯ шикоятро бад медид, зане буд, ки ҷомаи мардӣ ба тан пӯшида буд. Чун садҳо, ҳазорон  духтурон ҷон бар кафи даст дар сафи пеши набард қарор дошт. Ӯ дар майдони ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардид. Чун даҳҳо духтурони дигар. Мо ҳанӯз шумораи онҳоро намедонем, вале рӯзе мерасад, ки номи ҳамаи онҳо дар лавҳаи ёдгорӣ бо хатҳои заррин ҳаккокӣ мешавад. Зеро онҳо бар ивази ҷони худ ҷони дигаронро хариданд. Дар қатори онҳо номи

1. Ҳамроқулова Саёҳат, 58 сола, номзади илми тиб, духтури Маркази саломатии №1, маъруф ба Беморхонаи маҳаллаи 1-ум Советский

низ хоҳад буд.

Саёҳат аз хонадоне буд, ки сар то ба по садоқат аст: ба кори худ, ба қасами худ, ба миллати худ, ба давлати худ. Чун бародараш генерал Худойқул Ҳамроқулов.

Худойқул Ҳамроқулов чун садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия банд монда буд. Ӯ ҳанӯз аз марги хоҳараш, ки худаш калон карда буд, худаш ба камол расонида буд ва худаш сарпарастӣ мекард, хабар надошт. Ба ӯ занг задам. Лаҳзае хомӯшӣ ҳукмрон буд. Сипас садои гиряи марди 70- сола, ки ҷанги Афғонистон ва ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон паси сар карда буд, шоҳиди даҳҳо марги нобаҳангом гашта буду аз рехтани ашк худдорӣ мекард, садо дод.

Саёҳатро дар қабристони “Сари Осиё” ба хок супориданд. Оё дар ин қабристон ҷой барои мурдагон мерасида бошад?

Фарҳод Ҳусейнзода, профессор

Ҳанӯз Саёҳатро ба хок носупорида, хабари нохуши дигаре ба гӯшам расид. Дӯст, хеш, ҳамдеҳаам, доктори илми филологӣ, профессор, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Фарҳод Ҳусейнзодаи 55- сола аз олам даргузашт. Ӯ аз ҷумлаи аввалинҳое буд, ки ба ин донишгоҳ сафарбар шуда буд. Обрӯй ва эътибори хосае миёни ҳамкасбон дошт. Ӯ даҳ рӯз бо таби баланд дар Данғара таҳти назорати духтури оилавӣ қарор дошт. Ду рӯз қабл бо аҳли оилааш ба зодгоҳаш Панҷакент меравад. Ҳолати худаш ва аҳли хонадонаш бад мешавад. Аҳли оилаашро ба беморхона мебаранд. Баъди ду рӯзи бозгашт ба зодгоҳ — имрӯз аз олам даргузашт. Зан ва 4 фарзандонаш (як духтару се писар)дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд.

Рӯҳатон шоду хонаи охирататон обод бошад, хоҳари азиз Саёҳат ва дӯсти азиз Фарҳод!

Як моҳ қабл аз ин сомонаи “Оила” бо Саёҳат гузорише омода сохта буд, ки онро метавонед дар ютуб- канал тамошо кунед.

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *