Марги духтарчаи 4-сола дар боғи фароғатӣ

Ин ҳодиса 31 май, як рӯз пеш аз Рӯзи байналмилалии кӯдакон рух додааст.

Муовини раиси Турткул дар умури ҷавонон Хайрулло Матназаров хабари ҳалокати кӯдакро тасдиқ кард. “Атрофи онҷо панҷара кашида шудааст, вале қоидаҳои бехатарӣ риоя нашудаанд. Ин боғ на ба давлат, балки ба соҳибкорон тааллуқ дорад. Дар ҳоли ҳозир, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодиса ва риояи қоидаҳои бехатариро дар боғ месанҷанд”, — афзуд ӯ.

Як сокини Турткул бо истинод ба яке аз шоҳидон гуфт, ки ҳодисаи мазкур дар натиҷаи риоя нашудани оддитарин қоидаҳои бехатарӣ рух дод.

“Кӯдак як рӯз пеш аз Рӯзи кӯдакон ҳамроҳи модараш ба боғ меравад. Атрофи дастгоҳҳои вақтхушӣ панҷара кашида шудааст, вале кӯдак аз он гузашта, ба қатор хеле наздик мешавад. Корманди боғ низ бехатариро насанҷида, қаторро ба ҳаракат медарорад, ки дар натиҷа аз болои шиками кӯдак убур мекунад”, — изҳор дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, яке аз ҳамсуҳбатони дигари мо гуфт, муҳлати истифодаи дастгоҳҳои вақтхушии кӯдакони боғи “Ёшлар” кайҳо сипарӣ шудааст.

“Як сол пеш аз Тошканд ба боғи мо дастгоҳҳои куҳнаи вақтхушӣ оварданд. Баъзе аз онҳо ҳатто камарбанди амниятӣ надоштанд. Ба соҳибони онҳо, на бехатарии муштариён, балки пул муҳим аст. Худи ман метарсам, ки кӯдаконамро ба онҳо савор кунам”, — афзуд сокини Турткул.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *