Марги истеъдод. Ё чӣ тавр пайрави Муборакшо ба думболаш рафт?
Шаби 21-уми сентябр дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ сарояндаи ҷавони тоҷик Некрӯз Ниёзови 28-сола аз олам даргузашт. Марги ин сарояндаи ҷавонро ҳамкасбону мухлисонаш талафот барои санъати тоҷик арзёбӣ карданд.
Аз Ахбори ВКД
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад: 21-уми сентябр, тахминан соати 22:30 ронандаи автомашинаи тамғаи «Lexus RX350», рақами қайди давлатиаш 4800СС01, шаҳрванд Файзулло Комёб, санаи таваллудаш 05.04.2005, зода вa истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи А. Навоӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи А. Дониш, аз самти кӯчаи С. Айнӣ ба самти кӯчаи Дӯстии Халқҳо, дар рӯ ба рӯи бинои «Маркази миллии ташхиси озуқаворӣ» ба автомашинаи тамғаи «Lexus RX350» 1981WM01, таҳти идораи Аҳтамзода Оятулло Хушбахт, санаи таваллудаш 11.09.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев бархӯрдааст.
Нақлиёти мазкур ҳамзамон пиёдагарди дар канори роҳ қарордошта, шаҳрванд Ниёзов Некрӯз, соли таваллудаш 1995-ро пахш намудааст. Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи «Шифобахш» (“Қарияи Боло”) бистарӣ мегардад, вале мутаассифона субҳи рӯзи 22-юми сентябр ба ҳалокат расид.
Гумонбар — писари ректор
Як рӯз баъд аз марги Некрӯз Ниёзов дар расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки гумонбари марги сарояндаи ҷавон Комёб Файзулло, писари Файзулло Машраб, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия будааст.
Радиои Озодӣ дар такя ба манобеаш аз Суди шаҳри Душанбе хабар дод, ки «Комёб Файзулло бегоҳи 22-юми сентябр муваққатан дастгир шуда, 25-уми сентябр бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд».
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба Комёб Файзулло бар асоси қисми дуи моддаи 212-и Кодекси ҷиноятӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст) иттиҳом эълон кардаанд. Ин банди қонун то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки иштирокдори дигари садама Оятулло Аҳтамзодаи 19-сола ҳам ба ҳабс гирифта шудааст, вале дар бораи ӯ маълумоте дар даст нест. Талоши мо ҳам барои пайдо карадани шахсияти ӯ бенатиҷа анҷом ёфт.
Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷазои сазовор гирифтани фарзанди мансабдорон бовар надоранд. Қаблан низ бо иштироки фарзандони мансабдорон чанд садама шуда, боиси марги инсонҳо гардида буд, вале гунаҳгорон хеле зуд ва содда аз ҷавобгарӣ озод карда мешуданд.
Қазияи марги овозхон Некрӯз Ниёзов чӣ гуна анҷом меёбад, инро вақт нишон хоҳад дод.
Некрӯз — Муборакшои дигар
Овозхон Некрӯз Ниёзовро, ки дар садамаи шаби 21-уми сентябр дар назди тарабхонаи “Боми ҷаҳон” ҷон бохт, дар зодгоҳаш — ноҳияи Шуғнони Бадахшон дафн карданд. Вай бештар дар пайравии мактаби ҳунарии Муборакшо Мирзошоев ва Далер Назаров тарона мехонд.
Некрӯз дар хонаводаи санъаткорон ба дунё омадааст. Падараш Саидшо Ниёзов сароянда ва амакаш Хушбахт Ниёзов навозандаи машҳур аст. Некрӯз Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро хатм кардааст, вале овозхониро чанд сол пеш оғоз намуд.
Ӯ аввал танҳо асбобҳои клавишӣ менавохт. Аввалин бор суруди шодравон Муборакшо “Ай ҷони ман асират”-ро сароид ва зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур шуд. Ӯ чандин сурудҳои овозхонони барҷаста, аз қабили Муборакшо, Манижа Давлатова, Шабнами Сурайё ва дигаронро бозхонӣ кардааст.
Соли 2018 намоҳанги аввалини Некрӯз таҳти унвони «Оҳиста-оҳиста» нашр шуд, ки аз ишқи нокоми ин сарояндаи ҷавон нақл мекунад.
Яке аз дӯстони Некрӯз Ниёзов ба Oila.tj гуфтааст, ки Некрӯз ба наздикӣ бо сароянда Ҷулета оиладор шуд, вале баъди чанд муддат онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Онҳо бори охир моҳе қабл таронаи “Лайлӣ, Лайлӣ”-ро якҷоя сароида буданд. Некрӯз аввалин дуэташро бо Меҳрнигори Рустам бо номи “Рақс бикун” суруд, ки он зуд маҳбубият пайдо кард.
Некрӯз Ниёзов дар Душанбе студияи сабти худро дошт ва бо аксари сарояндагони саршиноси тоҷик ҳамкорӣ мекард.
О. СОҲИБЗОДА
САРОЯНДАҲОЕ, КИ ДАР САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ ҶАВОНМАРГ ШУДАНД:
Муқаддас Набиева
29-сола. 29-уми сентябри соли 1979 дар ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ фавтид.
Наргис Бандишоева
25-сола. 21-уми сентябри соли 1991 дар дараи Варзоб аз олам даргузашт.
Баҳром Ғафурӣ
44-сола. 7-уми августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба абадият пайваст.
Дамирбек Олимов
32-сола. 5-уми феврали соли 2022 дар роҳи Сомғор-Хуҷанд фавтид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ