Нест пайғамбар, вале дорад китоб

Ман чи гӯям васфи он олиҷаноб,

Нест пайғамбар вале дорад китоб.

Маснавии Маънавии Мавлавӣ,

Ҳаст Қуръон бо забони паҳлавӣ.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ

Субҳи 9-уми сентябри соли ҷорӣ аз шаҳри Истамбул ҷониби Қуния равон шудем. Фосилаи роҳ байни ин шаҳрҳо зиёда аз 700 километр аст. Ҳадафи мо аз ин сафар дидан ва интихоб намудани маконҳои сабт барои филми муштараки ҳунарӣ-таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ” буд, зеро дар шаҳри Қуния майдони бузурге барои сабти филмҳо бунёд кардаанд, ки барои филми мо ҳам бисёр мувофиқ буд.

Шоҳроҳ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бунёд шуда, мисли шоҳроҳи Душанбе-Чаноқи мо пулакӣ аст. Дар ин ҷо қоидае будааст, ки қабл аз сафар нақлиёти дилхоҳеро киро карда, барзиёд маблағ пардохт мекунӣ. Маблағи зиёдатӣ барои ҷаримаи эҳтимолӣ аст. Дар сурати ҷарима нашудан ва хуб гузаштани сафар, ронанда маблағи зиёдатиро бармегардонад. Агар рафту мошин дар роҳ вайрон шуд (дар дилхоҳ ҷо), бо ширкат тамос мегиред ва масъулин мошинро иваз мекунанд, ки ин хизматрасонӣ ройгон аст.

Хулоса, чанд шаҳру деҳа, ҷангалзор ва биёбонҳоро убур карда, ниҳоят шом ба Қуния расидем. Шаҳр бо биноҳои пасту хиёбонҳои сабзу гулпӯш ва тангкӯчаҳои зиёдаш ба шаҳрҳои Шероз шабоҳат дорад. Ягона фарқият дар рангҳои умумӣ буду халос, яъне Шероз ранги хокиро мемонду Қуния ранги обиро.

Расидан замон ба назди мақбараи Мавлонои оламгир рафтем. Аллакай шаб шуда буд, чароғакҳо фурӯзон, ҳаво каме гирифта буду борон нарм-нарм меборид. Вуҷуди моро чунон эҳсоси дилхушие фаро гирифт, ки тасвирнокарданист. Дарҳои мақбара шабона баста буд, бинобар ин, аз панҷараҳо каме дохили мақбараро тамошо карда, баргаштем ба меҳмонхона.

Бар замми ин меҳмонхонае, ки мо мехобидем, «Музей» ном дошту дар болои пойгоҳи шаҳри қадимаи Рум бунёд шуда буд ва дар фоеии қисме аз он куҳнашаҳр боқӣ монда буд. Ин ҳам хаёлоти моро ба дуриҳои дур, яъне, ба асри зиндагии ҳазрати Мавлоно мебурд, ки замоне инҷо зиндагӣ кардаву ду шамъи ҳамешафурӯзонеро барафрӯхта бо номҳои «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Шамс». Аз як тараф хаёлотамон банди андешаҳои Мавлоно буду аз ҷониби дигар ба Ватан, ки он рӯз ҷашни Истиқлол таҷлил мешуд. Дар Ватани мо, ки ифтихори зодгоҳи Мавлоно буданро дорад…

… Субҳ роҳ пеш гирифтем ҷониби оромгоҳ. Дар даромадгоҳ посбон меистод, вале даромад ройгон буд. Аз субҳ мардуми зиёде ба зиёрати Мавлоно омада буданд. Ба мо ҳам ворид шудан ба оромгоҳ насиб шуд.

Дар ду қисмати берун, яъне ҳавлии оромгоҳи Мавлоно чанде аз ошиқон ва пайравони ӯро дафн карда буданд. Дар қисмати пеши ҳавлӣ ҳавзи калоне воқеъ аст, ки дар атрофаш 10-12 курсиву обрав (онҷо ин гуна нуқтаҳо зиёд аст) дорад. Дохили ҳавз пур аз танга буд. Маълум мешавад, ки онро бо ният мепартоянд дохили ҳавз.

Аз дари мақбара ворид шуда, дар қисмати чап 10-12 хилъати овезонеро дидам, ки оддии рангашон обӣ буд. Ҳамин лаҳза садои най танинандоз шуд. Ин бе рамз нест. Ин ҳамон найе аст, ки Маснавии маънавӣ бон он оғоз шудааст, наест, ки бо садои он дар бадани ҳазрати Одам (а) ҷон даромада ва вақти рондан ба шикоят омада — «В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад»… Вуҷудамро эҳсоси аҷибе фаро гирифт.

Ба Оромгоҳи Мавлоно ҳар кас бо нияте меояд: Яке дуо мехонад, дигаре зикр мекунад, сеюмӣ нишаставу бо хаёлоти худ банд аст, чорумӣ навиштаҳоро мехонд, панҷумӣ мегиряд… Ман ҳам дар рӯ ба рӯи турбати Мавлоно нишастаму ба худ фурӯ рафтам.

Намедонам, чанд дақиқа гузашта буд, ки яке аз режиссёрҳои филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” Файзуллоҳ Файзов хабар кард, ки меравем. Ба руҳи Мавлоно дуо хондаву чанд акс барои хотира гирифтему баромадем. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар паҳлуи турбати Мавлоно фарзандон, набераҳо ва чанде аз шогирдонаш ҳам дафн шудаанд…

Дар атрофи ҳавлӣ чанд осорхона мавҷуд аст, ки аз ҳуҷраҳо иборатанд. Дохили онҳо пур аз ашёву либосҳои асри XIII. Дар яке аз хонаҳо замони зиндагии Мавлоноро бо ҳайкалҳо ва либосу ашёҳои он давра оро дода буданд.

Аз бародари ӯзбекистонии мо яке аз онҳо забони туркиро медонист. Ӯ ба суроғи роҳбари оромгоҳ рафт ва баъди чанд дақиқа бо ӯ омад. Роҳбар бо чеҳраи кушод гуфт: “Хуш омадед ба зиёрати Мавлонои форсу тоҷики оламгир!”. Маълум мешавад, ки бародари ӯзбекистонӣ ба ӯ гуфта буд, ки аз Тоҷикистон меҳмонон омадаанд. Ӯ воқеан, бо мо меҳрубон ва боилтифот буд.

Пас аз суҳбати кӯтоҳ якеро бо мо ҳамроҳ намуд, то майдони  синамоиро ба мо нишон бидиҳад, ки филми Мавлоноро онҷо сабт карда буданд.  

Майдони синамоӣ воқеан шаҳомат дошт. Дар қисмати болои шаҳр ҷойи ҳамвори куҳиеро интихоб карда, шаҳраки декоративӣ сохта, филми «Мавлоно Румӣ»-ро ба навор гирифтаанд. Вале баъдан дар натиҷаи заминларза он мавзеъ қисман хароб шудаасту дигар иҷозати дидан ва филм гирифтан надодаанд, зеро биноҳо садамавӣ шудаанд. Вале мо иҷозат гирифта, вориди он шудем. То ҷое, ки имконият доштем, дидем ва аксу навор гирифтем…

Соати 16:27 бо шаҳри Қуния ва оромгоҳи Мавлоно худоҳофизӣ намудем…

Тоҳир НАЗАР, рассом

Душанбе Истамбул — Қуния

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *