Марги кӯдакони 2 ва 8 сола дар зери чархи “Опел-Астра” ва “Мерседес Бенс”
27-уми апрели соли 2017, тахминан соати 16:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 28-солаи сокини ноҳияи Бохтар ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳияи Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Бохтар, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 8-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа, хонандаи синфи 1-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ин рӯз, тахминан соати 07:30-дақиқа марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес Бенс”-ро ба қафо ҳаракат додан писарбачаи дусолаи сокини хамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ