Қатар муҳоҷирони тоҷикро интизор аст

Дар маҷлиси ҳукумат,  ки дирӯз, 27 апрел  таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти мамлакат баргузор гардид, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар гузориш дод.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти созишномаи мазкурро дар танзими қувваи кории Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъкид карда, роҳбарони сохторҳои масъули мамлакатро вазифадор намуданд, ки барои ҳукми қонунӣ гирифтани созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки имзои ин созишномаи ҳамкории дар сатҳи роҳбарони ду давлати дӯсту бародар мувофиқа гардида, метавонад дар оянда муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатарро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду тавсеаи бештар бахшад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *