Марги модарарӯс ва ҳамсари Қурбоналӣ Раҳмон
Шаби 26 май хушдоман ва ҳамсари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ тақрибан паиҳам аз олам чашм пӯшиданд. Ҳангоми ҷонсупории модар духтараш марги модарро таҳаммул карда натавониста, қалбаш аз кор мондааст…
Ба устод Қурбоналӣ Раҳмон дар ин рӯзи мусибат сабри ҷамил металабем!
Журналисти тоҷик Нуралӣ Шоев, рӯзи 26 май дар гуруҳи «Маълумот — Информация” дар шабакаи Фейсбук хабар дод, ки имшаб хушдоман ва ҳамсари овозхони шинохта Қурбоналӣ Раҳмон паиҳам дар ноҳияи Восеъ вафот кардаанд.
Нуралӣ Шоев навишт: «Чанд лаҳзае пеш хабари нохуше аз н. Восеъ расид. Имшаб хушдоман ва ҳамсари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон дар гузаштанд. Худованд раҳмату мағфирати худро насибашон гардонад. Ба наздиконашон сабри ҷамил хоҳонам.”
Нуралӣ Шоев баъдан дар посух ба пурсишҳои батакрор дар бораи сабаби чунин паиҳам аз дунё чашм пӯшидани модару духтар навишт, ки духтар марги модарро натавонистааст таҳаммул кунад: «Ин мусибати сахт аст. Ҳангоми ҷонсупории модар духтараш таҳаммул карда натавониста, қалбаш аз кор мондааст.”
Қурбоналӣ Раҳмон ва ҳамсараш 5 фарзанд – ду писар ва се духтар доранд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов соли 1954 дар деҳаи Навободиноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1977 Донишкадаи санъати ба номи Турсунзодаро хатм кардааст. Аммо ӯ алакай дар соли 1971, вақте ҳамагӣ 17 сол дошт, дар як фестивали ҷумҳуриявӣ соҳиби медали тило ва як рубоб гардида, дар саҳнаи тоҷик соҳибном шуд. Дар ҳамин ҷашнвора бо Ҷӯрабек Назриев шинос шуда, ба хайли шогирдони ӯ пайваст. Қурбоналӣ Раҳмон баъди хатми донишкада ва адои хидмати ҳарбӣ чанд муддат дар мақомҳои роҳбари Хонаи маданият ва мудири шуъбаи фарҳанги Восеъ кор кард.
Баъди марги Зариф Наҷмиддинов дар як садама раиси колхози овозадори ба номи Ленини ноҳияи Восеъ Миралӣ Маҳмадалиев роҳбарии ансамбли «Чашма”-ро ба Қурбоналӣ Раҳмон супурд. Давраи авҷи шӯҳрати Қурбоналӣ Раҳмон ба ҳамин ансамбли фолклории «Чашма” рабт мегирад. Соли 1986 Қурбоналӣ Раҳмон сазовори унвони Ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон шуд.
Аммо баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва даргузашти Миралӣ Маҳмадалиев ансамбли «Чашма” ба вартаи мушкилоти молӣ афтод ва аз фаъолият бозмонд.
Қурбоналӣ Раҳмон соли 1996 ба Душанбе омад ва ду сол дар ансамбли «Дарё” кор кард. Соли 1998 Қурбоналӣ Раҳмон роҳбари ансамбли тарона ва рақси «Сомониён” таъйин шуд. Ӯ соли 2006 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро низ ба даст овард.
Дар солҳои аввали фаъолияти эҷодиаш Қурбоналӣ Раҳмон асосан таронаҳои халқӣ мехонд, вале солҳои охир бештар дар сабки сӯфиёна тарона иҷро мекунад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ