Гов кушт, беақл гов ё худи соҳибаш?

Як манбаъ аз шаҳри Истаравшан хабар додааст, ки рӯзи 26 май дар оромгоҳи деҳаи Сӯфӣ Ориф як сокини 25-солаи ин деҳа Воҳид Ғаниевро ба хок супурданд. Воҳид Ғаниев рӯзи 25 май ҳангоми чаронидани чарво дучори як марги ғайриоддӣ шудааст. Шоҳидон мегӯянд, ки Воҳид Ғаниев ҳангоми чаронидани чорвои хоҷагиашон арғамчини говро ба миёнаш баста буд. Гов яку якбора беист ба тохтан даромад ва соҳибашро аз қафои худ кашола кард. Ҷавонмарди бечор чанд метри аввал худро нигоҳ дошта тавонист, вале баъд аз по афтод ва гов дигар ӯро рӯ-рӯи замин кашола кардааст. Моли калони шохдор дар чарогоҳ аксаран ба сабаби неши бубанак ном ҷондор аз шиддати дарди шадид ба тохтан медарояд.Воҳид Ғаниев дар ҳамон ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *