Марги Мулло Фазлуллоҳ, 5 миллион долларро кӣ мегирад?

 

Ашраф Ғанӣ, президенти  Афғонистон, марги Мулло Фазлуллоҳ, раҳбари Толибони покистониро тасдиқ кард ва онро “қадами бузурге ба сӯи эҷоди боварӣ” миёни Кобулу Исломбод номид. Оқои Ғанӣ рӯзи 15-уми июн дар “Твиттер” навишт, бо сарвазири Покистон ва намояндагони артиши он кишвар суҳбат карда, марги Мулло Фазлуллоҳро таъйид намудааст.Раиси ҷумҳури Афғонистон афзуд, кушта шудани Мулло Фазлуллоҳ “дар натиҷаи талошҳои хастагинопазири инсонӣ” анҷом ёфтааст. Аммо як мақоми аршади Вазорати дифои Амрико ва манобеъ аз истихбороти Покистон гуфтаанд, Мулло Фазлуллоҳ дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар наздикии марзи байни Афғонистону Покистон кушта шудааст.Генерал Муҳаммад Родманиш, сарпарасти дафтари сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфт, Мулло Фазлуллоҳ бо чанд тан аз ҷангҷӯёни Толибони покистонӣ дар амалиёти муштараки ҳавоӣ рӯзи панҷшанбе дар Кунар кушта шудааст. Ҳарчанд манобеи покистонӣ кушта шудани Мулло Фазлуллоҳро тасдиқ карданд, Вазорати дифои он кишвар гуфтааст, дар ин замина таъйиди расмии Вашингтонро интизоранд.Иёлоти Муттаҳида моҳи марти имсол барои маълумот дар мавриди Мулло Фазлуллоҳ, раҳбари гуруҳи Таҳрики Толибон 5 миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд.Мулло Фазлуллоҳ масъули чанд ҳамла дар Покистон, бо шумули ҳамла ба як мактаби низомӣ дар шаҳри Пешовар, аст. Ӯ ҳамчунон масъули ҳамла ба Малола Юсуфзай, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шинохта шудааст, ки дар он замон хонандаи мактаб буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *