Марги мусофири «Ural Airlines» дар роҳ ба Тоҷикистон
Шоми 18 марти соли 2024 як мусофири парвози Маскав – Кӯлоби ширкати русии ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар ними роҳ ҷон додааст.
Бино ба иттилои Телеграм-канали “Авиаторщина”, ҳавопаймои тамғаи Airbus A321neo (RA-73802) шоми 18 март бо 92 мусофир аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба қасди фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ба парвоз хест. Аммо дар ҷараёни парвоз аҳволи яке аз мусофирон бад шудааст.
Ҳавопаймо ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Курумочи шаҳри Самара дар ҷануби Русия фуруд омадааст. Вале бовуҷуди меҳмондорон он натавонистаанд ҷони мусофирро наҷот бидиҳанд
Дар бораи шахсият ва синнусоли мусофири фавтида маълумоте дода нашудааст. Ин ҳам маълум нест, ки оё чӣ беморие сабаби марги ин мусофир дар ними роҳ шуд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ