Коршиносони  байналмилалӣ аз ДБССТ дидан намуданд

Гуруҳи коршиносони байналмилалии Олмон аз шароити таълим дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода ба Тоҷикистон даъват намудааст, то ҳамчунин дар ҷашни Наврӯз иштирок намоянд.

Нахуст, меҳмонон дар ҳайати Президенти муколамаи кушодаи байналмилалӣ Кристиан Гроссе, муҳаррири маҷаллаҳои масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ Волкер Таҳер Ниф ва коршиноси масоили санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ Саид Умар аз маҷмааи таълимӣ-лаборатории донишгоҳ дар риштаи сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва сервиси тарабхонавӣ дидан намуда, бо донишҷӯён суҳбат намуданд.

Меҳмонон ба заминаҳои моддӣ-техникии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баҳои баланд додаанд.

Возможно, это изображение 10 человекҲамчунин, зимни мулоқот бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи номбурда таассуроти худро нисбат ба имкониятҳои сайёҳии мамлакат, табиати нотакрор, фарҳанги баланди меҳмондорӣ ва шароити таҳсил барои ҷавонони имрӯз иброз намуданд.

Аз ҷониби донишгоҳ ба меҳмонон чорабинии фарҳангӣ пешниҳод шудааст.

Гуфта мешавад, ки рӯзҳои 2-8 марти соли 2024 сафари кории ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло ба шаҳри Берлини Олмон ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin – 2024 сурат гирифта буд.

Зимни гуфтушунид бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳа масъалаи ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ муҳокима намуда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *