Марги набераи генерали тоҷик дар Украина

Дар шаҳри Жукови вилояти Калугаи Русия ба шарафи зодаи Тоҷикистон ва сокини ноҳияи Жуков Аслам Файзиев, ки дар ҷанги Украина кушта шуд, дар канори роҳ як лавҳаи ёдгорӣ насб кардаанд.

Аслам Файзиев набераи генерали марҳуми тоҷик Зуфар Мирбобоевич Файзиев, сардори собиқи ситоди кул ё Генштаби артиши Тоҷикистон ва яке аз асосгузорони артиши кунунии ин ҷумҳурӣ буд.

Дар лавҳ Аслам Файзиев бо либоси ҳарбӣ, дар даст автомат аксбардорӣ шудааст. Дар кител ва кӯлоҳи ӯ ҳарфи Z — рамзи ҳамлаи артиши Русия ба Украина дӯхта шуда, дар паҳлуи акс ин навиштаро мебинем:

Аслам Файзиев ҳамагӣ 24 сол дошт. Ӯ Академияи қӯшунҳои танкии Русияро хатм карда буд, вале дар артиш хидмат намекард. Баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина Аслам Файзиевро ба артиши Русия даъват карда, ба Украина фиристоданд. Ӯ дар як дивизияи қӯшунҳои танкӣ хидмат мекард ва моҳи сентябри соли 2022 дар набардҳо дар вилояти Харков кушта шуд. Артиши Русия дар пайи талафоти вазнин он вақт дар ниҳоят аз вилояти Харков ақибнишинӣ кард. Дар аввали моҳи ноябри соли 2022 ба Аслам пас аз маргаш ордени “Мардонагӣ” доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *