Хуҷанд “Шаҳри бехатар” мешавад

Баъди Душанбе ва Хоруғ дар шаҳри Хуҷанд – маркази вилояти Суғд ҳам дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” пайдо мешаванд. Ин тарҳ бо маблағи 25 млн доллари ИМА аз сӯи як ширкати чинӣ амалӣ хоҳад шуд.

Тасмими мазкур дар мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Ли Ян, муовини директори​ ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ба иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.

Ҷонибҳо вобаста ба амалисозии лоиҳа мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ кардаанд.

Аз дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд мегӯянд, ки корҳои насбкунии дурбинҳои назоратӣ эҳтимол нимаи дувуми соли равон шуруъ шавад.

Ахиран тарҳи “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хоруғ низ роҳандозӣ шуда буд. Раёсати ВКД дар ВМКБ охири моҳи март хабар дод, ки давоми як ҳафта бо кумаки ин дурбинҳо ҳафт ҳолати вайрон намудани қоидаи роҳ аз ҷониби ронандагон тавассути ин низом ошкор шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” 31-уми октябри соли 2013 фаъол гардида буд.

Ҳамасола ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкору пешгирӣ карда мешаванд. Инчунин, ҳар сол аз ҳисоби ҷаримаи қоидавайронкунҳову қонуншиканҳо тавассути ин низом миллионҳо сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *