Марги нобаҳангоми бародари Шабнами Сурайё
Шабнам бародарашро барои табобат ба хориҷа бурд, вале…
Писари ягонаи овозхони маъруф Сурайё Қосимова ва додари хурдии Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед- Эмомалиҷони Хуршед, соати даҳи шаби 17 апрел, баъд аз бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи Эмомалиҷони ҷавонмарг дар зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад. Наздикони овозхони маъруф Сурайё Қосимова ба хабарнигорон гуфтаанд, ки Эмомалиҷони Хуршед, писари хурдии ин ҳунарманд, ки ҳамагӣ 16 сол дошт, аз бемории лейкоз ё саратони хун (белокровие) ранҷ мекашид. Модару апаҳояш ӯро барои табобат чанд бор ба хориҷи кишвар бурданд, вале аҳволи Эмомалиҷон танҳо муваққатан беҳтар мешуду халос. Ҳафтаҳои охир Эмомалиҷони Хуршед дар Душанбе дар бемористон таҳти табобат қарор дошт, вале шаби 17 апрел, соати 22 дилаш аз тапидан бозмонд.
Сурайё Қосимова 4 фарзанд– 3 духтар ва як писар дошт. Духтарҳои калониаш- Рӯзигул ва Шабнам аз шавҳари аввалаш ва ду фарзанди дигараш–Фарзона ва Эмомалиҷон – аз издивоҷи дувуми ин овозхон бо Хуршед Рабиев буд. Ёдрас мешавем, ки Хуршед Рабиев – писари раиси собиқи Кумитаи дин Ҳабибулло Рабиев буда, дар мақомоти умури дохилаи минтақаи Кӯлоб кор мекард ва моҳи сентябри соли 2013 дар синни 49 аз сактаи қалб даргузашт.
Бахтовар Бобоҷонов:
Сабри Худо ба Сурайё Қосимова
Ҳамдардии худро ба кулли хонаводаи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова бинобар даргузашти писарашон Эмомалиҷон мерасонам. Бо Шумо ғамшарик ва аз даргоҳи Парвардигор бароятон сабри ҷамил хоҳонем. Худо раҳмат кунад! Мо аз они Худо ҳастем ва ба суйи ӯ боз хоҳем гашт.
Хонаи охираташ чароғон бод!
Худо раҳматаш кунад! Сабри ҷамил ба устоди азизам апаи Сурайё ва аҳли пайвандонаш. Бо шумо дар ин рӯз ҳамдардем ва аз худованд талаби онро дорам, ки Эмомалиҷонро хонаи охираташ чароғон гардад!!!!!!
Ҳаётой Муъминова:
Марги фарзанд доғи дил аст
Сурайёҷони азиз! Ягон сухани мо ҳамкасбонат ба дардат малҳам шуда наметавонад, чуни марги фарзанд доғи дил аст. Бо нолаву фиғон аз дасти мо, бандагон чизе намеояд, танҳо дуо мекунем, ки Эмомалиҷон осуда дар хок бихобад. Ба Шабнамҷону Фарзона низ тариқи газетаи “Оила” ҳамдардиямро мерасонам.
Ситораи Кароматулло:
Шабнам бо ту ғамшарикем!
Қариб се сол мешавад, ки бо оилаи Шабнаму Фарзона дӯстӣ дорам. Дар ҳама ғаму хурсандияшон шарик будам ва ҳастам. Аз Худованд хоҳони онам, ки додарҷони моро руҳаш ҳамеша шоду хонаи охираташ обод бошад. Омин!
Фариштаи Фурайдон:
Ҷоят ҷаннат бошад, Эмомалиҷон!
Шоистаи ҷаннат гардад, манзили охираташ обод бошад. Ба хонадони апаи Сурайё сабри ҷамил хоҳонам. Бо шумо дар ин рӯзҳои душвор ҳамдардам.
Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ