Дастгиршавии «Мама роза»-и тоҷик дар Белорус

Мақомоти милисаи вилояти Гомели Беларус як ҷавонзани 20-сола аз Тоҷикистонро вақте дастгир карданд, ки ӯ мехост ду зани яке 25 ва дувумӣ 30-соларо барои танфурӯшӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия бубарад. Акнун ба ин зан аз 7 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шабакаи телевизионии СТВ («Столичное телевидение”)-и Беларус хабар дод, ки маъмурони милисаи вилояти Гомел дар ҷараёни як амалиёти вижа як масири барои танфурӯшӣ ба хориҷ бурдани занону духтарони маҳаллиро ошкор кардаанд.

Дар ҷараёни ин амалиёт дар истгоҳи роҳи оҳани Гомел як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо ду зани яке 25 ва дувумӣ 30-солаи сокини ин шаҳр дастгир шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти милиса, ин ҷавонзани тоҷик бо ҳадафи ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия бурдану ба танфурӯшӣ ҷалб кардани ин ду зани сокини Гомел омада буд.

Ҳангоми кофтукоб аз сумкаи ин ҷавонзани тоҷикистонӣ, ки ба ҷалби занони маҳаллӣ ба танфурӯшӣ айбдор мешавад, шиносномаҳои он ду зани ҷалбшуда ва билетҳои сафарашон ба шаҳри Санкт-Петербургро пайдо кардаанд.

Исми ин ҷавонзани тоҷикистонӣ эълон нашудааст, вале гуфта мешавад, ки ба зидди ӯ бо иттиҳоми даллагӣ ва ҷалби занону духтарон ба танфурӯшӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Акнун ба ин ҷавонзан, тибқи қонунҳои Беларус, аз 7 то 10 соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *