Марги ногаҳонии соҳибкор  Сангаков дар маҳаллаи 33

қомот иллати марги соҳибкори ҷавону шинохтаи сокини Душанбе Баҳром Сангаковро таҳқиқ мекунанд. Баҳром Сангаков, ки соҳиби як шабакаи ошхонаҳову мағозаҳо дар пойтахт буд, соати яки шаби 30 май дар наздикии тарабхонаи «Шоми Бухоро” дар маҳаллаи 33-юм дар як шароити мармуз вафот кард. Яке аз наздиконаш гуфт, ки ташхиси тиббӣ дар сари Баҳром Сангаков осори латукӯбро пайдо кардааст.

Ҷасади Баҳром Сангаковро рӯзи 30 май баъди анҷоми ташхисот ба наздиконаш супурданд ва ҷанозаи ӯ нимаи дуюми рӯз, соати 15 ба хок супурда шуд.

Аммо марги ин соҳибкори тануманду солим дар айни шукуфоӣ ва дар синни ҳамагӣ 36-солагӣ суолҳои зиёдеро аз худ боқӣ гузоштааст.

Баҳром Сангаков тарабхонаи «Диёр” дар ноҳияи Рӯдакӣ ва як шабакаи ошхонаҳои хӯроки тезтайёр ва мағозаҳоро дар пойтахт мечархонд ва аз соҳибкорони бонуфуз ба шумор мерафт. Ӯ соли 1982 ба дунё омада, солҳои бештари умраш дар маҳаллаи Зарафшон гузаштааст, вале чанд сол пеш дар маҳаллаи Хитойбозор ҳавлӣ харида, ба инҷо кӯчида буд.

Соати яки шаби 30 май Баҳром Сангаков ба хотири мулоқот бо як ҳамкори собиқаш ба тарабхонаи «Шоми Бухоро” ба маҳаллаи 33-юм рафта буд. Онҷо чӣ гузашт, ҳанӯз пурра равшан нест, вале тавре як шоҳид ба наздикони соҳибкор гуфтааст, Баҳром Сангаков якбора дилашро дошта, аз по афтид ва дар байни ҳамагӣ чанд сония ҷон дод. «Ҳамагӣ лаҳзае пеш аз ин ки аз по биафтад, бардаму солим буд ва касе ҳатто пай намебурд, ки баъди лаҳзае ӯ мемирад,” – гуфтааст ин шоҳид.

Азбаски ҳар марги пурасрор, бахусус марги чунин соҳибкори маъруф, мавриди таваҷҷуҳи мақомот низ қарор мегирад, ҷасади Баҳром Сангаковро низ ташхис кардаанд.

Яке аз наздикони соҳибкор  гуфтааст,ки  натиҷаи ташхис ҳамаро дар ҳолати шок овард: «Ташхисгарон мегӯянд, ки дар майнаи сар ва дигар аъзои баданаш осори латукӯбро мушоҳида ва сабт кардаанд.”

Мақомот ҳанӯз натиҷаҳои ташхиси ҷасади Баҳром Сангаковро расман эълон накардаанд. Мақомот сабҳои камераҳои назоратии атрофи тарабхонаи «Шоми Бухоро”-ро низ барои таҳқиқ бурдаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин наворҳо лаҳзаи аз по афтидани ҷон додани Баҳром Сангаков низ сабт шудааст.

Аз ин соҳибкори ҷавонмарг ду фарзанд – як писари сесола ва духтари даҳмоҳааш ятим монд…

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *