Марги падару писар дар як руз

Рӯзи 2 июн,соати 13-20 дар деҳаи Шоҳони дараи Алмосӣ, дар тақрибан 20-километрии шимолишаҳри Ҳисор мошини шаҳрванд Остонакулов Маҳмадкул аз баландии тақрибан 80 метр ҷар шуд. Бар асари ин садама Остонакулов Маҳмадқул ва писари 31солааш Хуршедҷон Остонакулов ҷони худро аз даст доданд. Ба ғайр аз онҳо ҳамсари маҳрум Барфинисо Қосимова ва писари дуюмаш Ҷамшедҷон Остонақулов дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Часади падару писар имрӯз соати 18-00 ба хок супорида шуд.

Аз Хуршедҷон Остонақулов се духтар ва як писар ятим монданд.

Ин мусибати бузург – марги падару писар — дар ин хонавода дар рӯзе рух дод, ки набераи хурдии Мамадқул Остонақулов зодрӯз дошт…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *