Душанбе: Сӯхтор дар Султони Кабир (Видео)

Шоми 2 июн, соати тахминан 20:30 дар бинои нави бозори Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе сӯхтори шадиде оғоз ёфт, ки то ҳол идома дорад. Шоҳидон мегӯянд, сӯхтор аз қабати аввали бинои шашқабата, ки онҷо мағозаҳо ҷойгир шудаанд, оғоз ёфт ва алакай то ошёнаи сеюми бино паҳн шудааст. Барои пешгирӣ аз таҳлука нирӯҳои вижаи милитсияро низ ба маҳаллаи сӯхтор эъзом кардаанд.

Шоҳидон мегӯянд, дар қабатҳои аввали ин бино асосан мағозаҳои фурӯши мебел ҷойгир шуда буданд ва бо вуҷуди ҷазби шумори зиёди сӯхторнишонҳо ва мошинҳои сӯхторнишонӣ то ҳол пеши роҳи паҳн шудани оташро гирифта натавониста истодааанд. Ва доманаи оташ ҳамчунон дорад боло меравад.

Онҳоеро ки дар қабатҳои болоии ин бино зиндагӣ мекарданд ё мағоза доштанд, билофосила баъди оғози сӯхтор берун бароварданд. Вале дар наворҳо дида мешавад, ки бархе талош доранд, барои наҷоти пулу молашон аз мағозаҳову хонаҳои худ ба даруни бинои оташгирифта бидароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *