Аз  мансабфурӯшӣ то  зархаридӣ

Бардошт аз мусоҳибаи Алим Шерзамонов бо раиси ТЭТ ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ

Ҳафтаҳои охир расонаю сайтҳои наҳзатиён навори гуфтугӯии Алим Шерзамонов бо раиси ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ М. Кабирӣ дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишварро, ки рӯзи 12.05 соли 2018 баргузор шуд, паҳн намуда, онро ҳамчун «ҷавоб» ба суханронии Пешвои миллат пешниҳод мехоҳанд кунанд. Кабирӣ, ки  дар оғӯши хоҷагони хориҷиаш ҷойгоҳи гарм ёфтааст, ба таври худ кӯшиш намудааст, ки дар бораи он суханронии комилу фарогири Пешвои миллат изҳори назар кунад.

Аммо аввалин чизе, ки аз ин суҳбат ба назар мерасад, холигӣ, пучӣ, берӯҳӣ, бемантиқӣ ва бемаънигии суханони М. Кабирӣ аст, ки онро ҳаргиз бо суханронии ҷомеъ ва фарогири Пешвои миллат ва таҳлилҳои амиқу пешниҳодҳои дақиқи эшон дар он мулоқоти таърихӣ муқоиса карда намешавад. Бинобар ин, суҳбати Кабирӣ, пеш аз ҳама, сатҳи пасту кӯчагиии худашро ба намоиш гузошта, тамоми он навори 20-25 дақиқагӣ баробари як ҷумлаи Пешвои миллат мазмун, мантиқ ва масъулият надошт. Афсӯс, ки инсонҳои ҳамин сатҳи фаҳмиш бешармона даъвоҳои баланд мекунанд…

Аз аввали суҳбат барандаи он А.Шерзамонов, ки ҷумлаҳояшро базӯр сохта, мусоҳиба оростанӣ мешавад, талош кардааст, ки мардумро ба гумроҳӣ кашонда, аз масъалаи асосӣ, яъне чӣ тавр шиа шудани наҳзатиён дур барад. М. Кабирӣ ҳам ин макрро давом дода, иддао мекунад, ки гӯё Пешвои миллат дар ҳаққи мазҳаби шиа ва хуб ё бад будани он чизе гуфта бошанд.

Дар ин бора бояд гуфт, ки дар суханронии Пешвои миллат гап дар бораи хубӣ ё бадии ягон мазҳаб не, балки дар бораи  чӣ тавр ба хотири манфиат шуда, мазҳаби худро фурӯхтани наҳзатиён мерафт. Яъне, ин ҷо сухан аз он нест, ки наҳзатиён таълимоти динию ақидатии шиаро хонда, бо таълимоти аҳли суннат муқоисаи илмию таҳлилӣ карда, дар натиҷа аз байни ин ду мазҳаб шиаро қабул карда бошанд. Дар миёни наҳзатиҳо касе, ки дар ин сатҳ соҳиби илму ақида бошад, вуҷуд надорад, балки сухан дар бораи он меравад, ки наҳзатиён ба хотири пулу мол ва имтиёзу дунё шуда, барои пайравии ғуломона аз хоҷагону маблағгузорони худ мазҳаби ҳанафиро тарк карда, мазҳаби шиаро қабул кардаанд. Яъне, ин ҷо сухан на дар бораи эътиқоду имони самимона, балки сухан дар бораи тиҷорати имон ва фурӯхтани мазҳаб ва ба ивази молу пул қабул кардани мазҳаби дигар меравад! Кабирӣ бошад, ин ҳақиқати ошкорро пинҳон карданӣ шуда, мехоҳад масъаларо ба баҳси дуруст ё нодуруст будани мазҳабҳо кашонад.

Ҳама медонанд, ки давлати Тоҷикистон нисбат ба ягон дину мазҳаб назари манфӣ надошта, қонунгузории кишвар ҳеҷ мазҳаберо маҳдуд намекунад. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 70 иттиҳодияи дину мазҳабу равияҳои гуногун озодона фаъолият мекунанд. Хусусан, пайравони мазҳаби шиаи исмоилӣ, ки бахши таркибии миллати мо ҳастанд, фаъолияту ибодати худро озодона ба ҷой меоваранд. Яке аз бузургтарин ҷамоатхонаҳои шиаи исмоилӣ дар ҷаҳон, дар маркази шаҳри Душанбе фаъолият дорад.

Пас, ин ҷо сухан на дар бораи чӣ будану чӣ гуна будани шиа, балки сухан дар бораи чӣ тавр ба ивази манфиат ватану миллат ва дину мазҳаби худро фурӯхтани наҳзатиён меравад. Бале, ягон мазҳаб моҳиятан бад нест, аммо тиҷорати мазҳаб ва зархариду дастнишондаи як доираи идеологии мазҳабӣ шудан бад аст! Ба хотири манфиат имони сиёсию манфиатӣ овардани шумо бад аст. Инро на танҳо Пешвои миллат, балки тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳар ақли солим рад маҳкум мекунанд. Бисёр шармовар аст, ки Кабирӣ мазҳабфурӯшии худ ва наҳзатиёнро бо ҳиллаю найранг пӯшонданӣ ё сафед карданӣ мешавад.

         Дар идомаи суханаш, Кабирӣ суханро боз аз ҳақиқат дур бурданӣ шуда, иддао мекунад, ки оё дар қонугузории Тоҷикистон шиа шудан ҷиноят аст. Не, дар қонунгузории Тоҷикистони дунявӣ аз назари имонӣ шиа будан ҷиноят нест, эътиқоди динии инсон озод аст, балки дар қонунгузории Тоҷикистон мисли шумо зархариди хориҷӣ шудан, дар ивази пулу мол мазҳабро ҳамчун ақидаи сиёсӣ қабул кардан ва бо супориши хоҷагон бар зидди халқи худ баромадан ҷиноят аст. Ин ҷо бояд шакке набошад.

         Раиси собиқи ТЭТ ҲНИТ наҳазатиҳоро «пайрави аҳли сунат ва ҷамоат» нишон дода, иддао мекунад, ки гӯё роҳбари давлат дар ҳаққи наҳзатиҳо туҳмат кардааст. Не, ин суханони Пешвои миллат ҳаргиз туҳмат нестанд. Зеро, имрӯз садҳо санаду далел дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки аксари роҳбарияти ҲНИТ ошкоро ба мазҳаби шиа гузаштаанд. Шумо як бор бо парвандаи ҷиноятӣ ва баёнотҳои Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, В. Қосиддинов, Зарафо Раҳмонӣ ва дигар роҳбарони ҲНИТ шинос шавед. Он ҷо ном ба ном омадааст, ки кадом роҳбари ҳизби наҳзат ва чанд фарзанду аъзои оилаю хешу таборашон ба мазҳаби шиа даромадаанду дар ивазаш чӣ имтиёзҳо ба даст овардаанд. Магар ин туҳмат аст? Ё шумо намедонед, ки ҳамин шабу рӯз, беш аз 400 нафар  фарзандон, хешу табор ва фиристодгони наҳзатиён дар Қум таълими ақидатии шиа мегиранд? Магар ин туҳмат аст? Агар хоҳед, ному насаби онҳоро пурра нашр кунем, то дигар нагӯед, ки дар ҳаққи наҳзат туҳмат шудааст…

Оё шумо медонед, ки «генерали мардумӣ»-и шумо Эшони Қиёмиддини Ғозӣ чаро дастгир шуд? Ӯ  вақти бозгашт аз меҳмонии думоҳа дар назди хоҷагонатон ҳамроҳи худ дар кисааш қариб 100 000 доллари ИМА оварда буд, ки маҳз ҳамин чиз боиси шубҳаи гумрукчиёни кишвари сеюм гашта, сабаби ошкор ва боздошт гаштани ӯ шуд. Ҳамроҳи ин долларҳо рӯйхати супоришҳое низ буданд, ки вай бояд барои паҳн намудани мазҳаби шиа анҷом медод. Магар ин ҳам туҳмат аст?

Дар қисми дуюми суханони подарҳавояш М. Кабирӣ кӯшиш кардааст, ки ҲНИТ-ро аз масъулияти таърихӣ дар назди таъриху миллат халос карда, даъво кунад, ки ҲНИТ дар оғози ҷанги дохилӣ саҳм надоштааст. Ин дигар камоли бешармии Кабириро нишон медиҳад, ки боз як саҳифаи ошкори таърихи Тоҷикистонро инкор карданӣ мешавад. Агар наҳзат дар ҷанги дохилӣ даст надошта бошад, пас кушторҳои соли 1992 ва ҳаммоми хунини совхози Туркманистонро кӣ ташкил карда буд? Муҳосираи вилояти Кӯлобро, ки боиси фоҷиаи бузурги инсонӣ гашт, кӣ ташкил карда буд? Дар митингҳои ҷангҷӯёнаи майдони шаҳидон кӣ баромад мекард? Шохаи ҳарбии ҲНИТ ва дастгоҳи одамкушии он -«Ситоди наҷоти ватан»-ро кӣ ташкил карда буд? «Ҷумҳурии исломии Ғарм»-ро кӣ ташкил карда буд? 150 000 нафар инсони бегуноҳро кӣ кушт? Беш аз 10 000 ҷангандаи дар лагерҳои хориҷӣ таълимдида ва бо силоҳи онҳо мусаллаҳро кӣ дошт? Магар дар садри ҳамаи ин роҳбарони ҲНИТ қарор надоштанд? Ин воқеаҳо ба гуфти худи Кабирӣ, соат ба соату рӯз ба рӯз сабт шудаанд. Бинобар ин, ин ҳамаро дидаю дониста, иддао кардан, ки наҳзат дар ҷанги дохилӣ даст надошт, бешармию дурӯғи маҳз мебошад.

Чизи дигаре, ки дар ин суҳбати пароканда дидан мумкин аст, хизматҳои бузурги Пешвои миллат нисбат ба дини ислому мазҳаби ҳанафиро ошкоро рад кардани Кабирӣ мебошад. Агар чашми шуморо пулу моли хоҷагони хориҷӣ кӯр карда бошад, ин ҷо бароятон шаммае аз хизматҳои беназири Пешвои миллатро дар роҳи дину мазҳаб зикр мекунем. Зикри иқдомҳое чун рӯзи расмии истироҳатӣ эълон шудани идҳои динии Рамазон ва Қурбон, ба таври доимӣ содир шудани Паёми табрикии Роҳбари давлат ба муносибати идҳои мусулмонӣ, таъсиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории бошукӯҳи Соли бузургдошти пешвои мазҳабии мардуми тоҷик Имоми Аъзам, таҷлили давлатии бузургдошти Имом Бухорӣ ва дигар бузургони дину фарҳанг, бо кумаки бевоситаи Роҳбари давлат ба забони муосири тоҷикӣ тарҷума, нашр ва ба мардуми кишвар тақдим гаштани Қуръони Карим, бо маблағгузории давлатӣ таҳия ва чоп шудани силсилаи осори арзишманди динию таърихӣ, мақом ва ҳимояи давлатӣ гирифтани Донишкадаи исломии Тоҷикистон, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории муназзами озмуни ҷумҳуриявии қориёни Қуръон, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии “Таърихи дин”, бо дастгирии бевоситаи давлат ташкил шудани сафари ҳаҷҷи шаҳрвандон ва ғайра нишон медиҳад, ки хизматҳои Пешвои миллат дар роҳи дину мазҳаб бисёр бузурганд. Ин аст, ки эшон яке аз шахсиятҳои муътабар ва шинохтаи ҷаҳони ислом ба ҳисоб рафта, аз тарафи ташкилотҳои гуногуни ҷаҳонӣ такрор ба такрор ба рӯйхати чеҳраҳои машҳуру бонуфузи ҷаҳони ислом ворид карда мешаванд.

         Аммо Кабирӣ мехоҳад дар як мусоҳибаи пароканда ин ҳақиқти таърихиро инкор намояд. Бале, шояд мазҳаби наватон дурӯғ гуфтанро иҷозат диҳад, аммо ин хизматҳои Пешвои миллатро тамоми мардуми Тоҷикистон медонанду мебинанд.

Дар охири суҳбат Кабирӣ як ҳақиқати таърихиро эътироф мекунад, ки таваҷҷуҳ ба он хеле муҳим аст. ӯ мегӯяд, ки дар марҳилаи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар канори наҳзатиён мушовирони “эронию арабу покистонӣ ва ҳатто амрикоӣ” ҳузур доштаанд, аммо “нақши онҳо дар ҳадди машварат додан ва дастгириҳои матбуотию сиёсӣ будааст”. Ин эътирофи Кабирӣ бори дигар маҳз бо тарҳу машварати хоҷагони хориҷӣ оғоз шудани ҷанги дохилии Тоҷикистон ва маҳз бо машварати онҳо ин ҷангро пеш бурдани ТЭТ ҲНИТ-ро исбот мекунад.

М. Кабирӣ нақши онҳоро камранг нишон доданӣ шуда, мегӯяд, ки онҳо фақат “машварат” медоданду халос. Бале, хоҷагонатон машварат доданду  шумо иҷро кардед, онҳо машварат доданду шумо қатл кардед, онҳо машварат доданду шумо оташ задед, онҳо машварат доданду шумо ватани худро вайрон кардед, онҳо машварат доданду шумо халқи худро ғорат ва пароканда кардед… Ва имрӯз ҳам онҳо машварат медиҳанду шумо зидди давлату миллати худ баромад мекунед, онҳо машварат медиҳанду мусоҳиба медиҳаед, анҷуман меороед… Албатта, модоме ки пули билету визаю ҷойи хобу маошу паноҳгоҳро онҳо медиҳанд, “машварат”-и онҳо барои ғуломону зархаридон дар асл дастур аст.

Фақат дониста бошед, ки на танҳо мақомоти дахлдори Тоҷикистон, балки тамоми мардуми Тоҷикистон мақсади шумо ва мақсади машваратдиҳандагони шумо ё аниқтараш, дастурдиҳандагони шуморо хуб медонад. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон дигар ҳаргиз шуморо, ки ватану миллату мазҳабро ошкоро фурӯхтед, қабул нахоҳад кард

                                                              ХАЙРУЛЛО ҒАФУРОВ, проректор оиди масъалаҳои байналхалқӣ,

 дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *