Марги раиси “Роскосмос” фармоишӣ буд
Дар амри таҳқиқи ҳодисаи марги раиси собиқи ширкати “Роскосмос” Владимир Евдокимов дар боздоштгоҳ, фарзияи қатли фармоишии ӯ ба таври махсус санҷида мешавад. Дар ин бора рӯзи душанбе нашрияи “Коммерсант” хабар додааст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки эҳтимолан ин куштор ба омодагии Евдокимов барои ҳамкорӣ бо тафтишот рабт мегирад. Як манбаи оҷонсии Интерфакс гуфтааст, ки марги Евдокимов барои онҳое лозим буд, ки ӯ омода буд зидди онҳо баёнот диҳад. Рӯзи душанбе маълум шуд, ки ҷасади Евдокимов рӯзи 18 март дар дохили утоқи боздоштгоҳи Маскав пайдо шуд. Моҳе пеш аз ин ӯ ба дохили ҳуҷраи бидуни дурбини видеоӣ интиқол дода шуд. Ҳамутоқони ӯ дар дохили боздоштгоҳ гуфтанд, ки ҷасади Евдокимовро дар дохили ҳоҷатхона ёфтаанд ва дараш ҳам аз дохил баста буд. Онҳо гуфтанд, ки ҳеҷ мушкиле дар равобити ин мард бо маъмурияти боздоштгоҳ ва ҳам ҳамутоқонаш мушоҳида нашудааст. Дар сарраёсати тафтишот гуфтанд, ки Евдокимов аз ду зарби корд дар ноҳияи дилаш даргузашт. Раиси иҷроияи “Росатом” декабри соли 2016 бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми 200 миллион рубл боздошт шуд. Иттиҳоми ӯ ин будааст, ки ҳамроҳ бо чор гумонбари дигар аз роҳҳои ғайриқонунӣ як маҷмӯа муассисаҳои марбут ба ширкати сохтмони ҳавоии “МиГ”-ро хусусӣ гардонидааст. Худи Евдокимов ин иттиҳомро рад кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ