Ситора ҳамроҳи ситораҳо дар сари деги наврӯзӣ

 Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, қадами сабзаш ба зиндагии мо файзу баракат меорад. Сокинони ҳар як минтақаи Тоҷикистон анъана ва таомҳои наврӯзии худро доранд. Суҳбати мо бо чор бонуи зебову ҳунарманд аз чор минтақаи кишварамон дар сари деги наврӯзӣ аз ҳамин боб буд.

Ситораи Кароматулло “Суманаки кулчагӣ” мепазад

-Ситорабону, занҳои варзобӣ дар иди наврӯз суманак мепазанд?

Албатта! Ҳар сол ҳамсояҳо ва занҳои авлодамон дар хонаи мо ҷамъ шуда, суманаки кулчагӣ мепазанд.

Ҳунарманди хуб буданатонро медонистем, ҳозир мефаҳмем, ки шумо ҳамчун кадбону ба чӣ қодир ҳастед. Канӣ бигӯед, суманаки кулчагиро чӣ хел мепазанд?

-Шумо маро санҷидан мехоҳед? Аввал аз орд, шакар ва шираи полонидаи гандуми сабз хамир шӯрида, аз он кулчаҳо тайёр мекунем. Дар танӯр алов монда, онро нағзакак метасфонем, баъд дар дарунаш чанд хишт мегузорем, то суманак насӯзад. Ба лаълӣ каме равған молида, кулчаҳои суманакро дар он мегузорем ва дар болои хиштҳои дар танӯри тафсон гузоштаатон монда, даҳони танӯрро бо чанд қабат матои ғафс ё гилем маҳкам мекунем, то буғаш ба зудӣ набарояд. Суманаки кулчагӣ дар давоми як –якуним соат мепазад. Он бисёр бомаза буда ва дӯстдоштатарин ширинии ман аст.

-Маълум, ки духтари бо дасту панҷа ҳастед. Офарин!

-Мехоҳед, тарзи пухтани боз як намуди суманакро бароятон нақл кунам?

-Суманаки дегиро дар назар доред?

-Не, чанголӣ аз сумалак.

-Магар аз суманак чанголӣ ҳам мепазанд? Инаш гапи тамоман нав-ку!

-Модарам ҳар иди Наврӯз баъди пухтани суманаки кулчагӣ аз он чанголӣ тайёр мекунанд. Ду- се кулчаи суманакро гармогарм дар табақча майда карда, аз болояш як пиёла маска рехта, бо қошуқи чӯбин то дами бо ҳам омехта шудани маскаю суманак каф занед, чунон чанголии бомаза мешавад, ки ҷони кас аз хӯрданаш ҳузур мекунад!

-Дигар шубҳа надорам, Ситора на танҳо дар саҳнаи ҳунар, балки дар саҳнаи зиндагӣ низ ситора аст!

 Нуқра Раҳматова асрори

суманаки бадахшониро мекушояд

паи Нуқра, шогун баҳор муборак!

Ба шумо ҳам шогун муборак бошад.

-Мебинам, ки дар сари дег ҷумбуҷӯл доред…

-Ҳамроҳи келинҳоям рамзи баҳору рамзи наврӯз-суманак пухта истодаам.

-Тарзи пухтани суманаки бадахширо ба хонандагони мо нақл намекунед?

-Бо ҷону дил мегӯям! Суманак аз қадимтарин таомҳои наврӯзии мардуми Бадахшон аст. Барои пухтани ин хӯроки серғизо гандум, орд ва об лозим аст. Гандумро як шабонарӯз дар об тар мекунанд, баъд обашро рехта, худи гандумро дар латта печонда ба ҷои гарм мегузоранд. Баъди ду рӯз гандумҳои нешзадаро дар лаълӣ паҳн карда рӯяшро бо дока мепӯшанд ва ҳар рӯз ба он кам-кам об мепошанд. Вақте ки гандум реша давонда сабз шуд, аз он суманак пухтан мумкин аст. Сабзаи гандум аз ҳад зиёд баланд нашавад, чунки дарози бад шавад, суманак талхмаза мешавад. Сабзаи суманакро дар уғурча кӯбед, ширааш мебарояд.

-Суманакро дар дег мепазанд ё дар дегдон?

-Барои пухтани суманак деги калон лозим аст. Оташи деги суманакро бояд духтар ё зане, ки гунаҳои суп-сурхи лолагун дорад, даргиронад. Ба дег аввал каме равған, сипас, оби гандумро рехта ба он ордро илова карда, кофта меистанд, то кулӯла нашавад. Ба деги суманак 7 дона чормағз андохтан лозим аст. Пухтани суманак кори бисёр мушкил ва заҳматталаб аст, чунки дар давоми як шабонарӯз мепазад. Одатан чанд зан дар як хона ҷамъ шуда, суманак мепазанд ва то пухтани ин ғизои баҳорӣ дар сари дег рақсу бозӣ карда, таронаҳои баҳорӣ мехонанд.

Мазаи “Кашки наврӯзӣ”-и

Сурайё Қосимоваро чашидан мехоҳед?

-Апаи Сурайё, оилаи шумо яке аз машҳуртарин хонаводаҳои Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро фарзандонатон Шабнаму Фарзонаро имрӯз дар саросари олам мешиносанд. Мухлисонатон донистан мехоҳанд, ки ин ситораҳои дурахшон иди наврӯзро чӣ гуна пешвоз мегиранд  ва чиҳо мепазанд.

 -Имрӯзҳо ману духтарам Рӯзигул дар такопӯи онем, ки то ба хона баргаштани Шабнаму Фарзона хӯроки дӯстдоштани онҳо гандумкӯчаи наврӯзиро, ки дар Кӯлоб бо номи кашк машҳур аст, тайёр кунем.

-Кашки наврӯзиро чӣ гуна мепазанд?

Пухтани кашк ягон мушкилӣ надорад. Як килограмм гӯшти гӯсфанд, ним кило думбаи гӯсфанд, ду кило гандуми сафедкарда, як кило сабзӣ, ним килогӣ лӯбиёи сурх ва сафед ва каме намак-барои пухтани кашк ҳамин қадар маҳсулот кифоя аст. Дунбаи гӯсфандро бо гӯшташ якҷоя дар шаш литр об дар оташи паст ду соат меҷӯшонанд, баъд ба дег гандуми сафедкардашуда, лӯбиё, картошка ва сабзӣ андохта, каме намак мепошанд ва дар оташи паст гандумкӯчаро то вақти ҳалоим шуданаш мепазанд. Пас аз он ки кашк пухт, оташро хомӯш кардан лозим аст, то хунук шавад. Кашкро гармогарм ҳам хӯрдан мумкин аст, вале каме хунуктар шавад, бисёр бомаза мешавад.

  Сирри “Оши турушак”-и Хосияти Зарафшонӣ

-Хосиятбону, Наврӯз муборак бошад! Шунидем, ки дӯстдоштатарин таоми наврӯзии мардуми Зарафшон “Оши турушак” аст. Шумо, ки зодаи ин диёри бостонӣ ҳастед, тарзи тайёр кардани ин хӯроки аҷибро ба хонандагони мо мефаҳмонед?

-Бо ҷону дил! Барои тайёр кардани “Оши турушак” бо ғелак ним кило гӯшти қима, 4-5 дона пиёз, як қошуқ зира, каме қаламфури хушк, як қошуқ бӯгзор, яъне кабудиҳои хушки кӯфташуда, каме намак ва алафҳои баҳорӣ аз қабили ҳулбӯ, юнучқа, газанда лозим аст. Маҳсулотҳои номбурдаро бо ҳам нағзакак омехта намуда, аз қимаи тайёршуда ғелакчаҳои кулӯлача месозем. Ғелакчаҳоро дар равған сурх карда мегирем. Дар деги дигар каме пиёзро зирбонда, об меандозем. Дег, ки ҷӯш омад, ғелакчаҳоро андохта, оташро паст мекунем, то маҳин биҷӯшад. Аз обу орду намак хамир шӯрида, угро мебурем. Акнун дар ягон деги  нисбатан калонтар об андохта, намак мепошем, вақте ки об ҷӯшид, угрои буридаамонро меандозем. Угроро бо чӯби махсус кофтан лозим аст, то ба ҳамдигараш начаспад. Угро бояд дар оташи нисбатан баландтар ҷӯшад, алов паст бошад, хамир мешавад. Вақте ки угро қариб пухт, ба дег алафҳои дар болои зикршударо реза карда меандозем. Оши туршак, ки пухт, онро ба косаҳо кашида, ғелак меандозем ва кабудиҳои баҳориро мепошем.

 

Суҳбаторо:  Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *