“Марги судхӯр”-ро дар ВКД муҳокима карданд 

-Ягона омиле, ки моро аз кирдорҳои номатлуб ва амалҳои ноҷо боз медорад, дорои маърифати баланди инсонӣ будан аст. Маънавиёт бошад, тавассути мутолиаи китобҳои бадеӣ ба даст меояд, — қайд гардид дар маҳфили фарҳангие, ки рӯзи 1-уми октябр дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Дар он сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ва доктори илмҳои филологӣ Абдулҳай Маҳмадаминов доир ба муҳтавои асари «Марги судхӯр»-и Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ андешаронӣ намуданд.

 

Дар маҳфил зикр карда шуд, ки асари «Марги судхӯр» аз тарафи олимони адабиётшиноси ҷаҳон яке аз асарҳои ҳаҷвӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик эътироф шуда, дорои образҳои гуногуни бадеӣ мебошад.
Аз рӯйи асари «Марги судхӯр» чандин олимони дохил ва хориҷи кишвар корҳои илмии худро ҳимоя намудаанд. Адабиётшиноси маъруфи чех Иржи Бечка гуфтааст, ки: «Садриддин Айнӣ дар асари «Марги судхӯр» дар тасвири олами рӯҳии судхӯрон ба комёбиҳои калон ноил гардидааст».

 

Дар хотимаи маҳфили фарҳангӣ миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон, доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ ва асари «Марги судхӯр»-и ӯ, саволу ҷавоб сурат гирифта, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *