Омӯзгорон вазифадор шудаанд, ки ба давлат 200-килоӣ оҳанпора супоранд

Дар Туркманистон омӯзгорони мактабҳои миёна ва кормандони соҳаи кишоварзиро вазифадор кардаанд, ки ба давлат 200-килоӣ оҳанпора супоранд.

Як омӯзгор аз ноҳияи Йиланлӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, муаллимон баъд аз соатҳои дарсӣ ба ҷустуҷӯи оҳанпора мебароянд ва бархеҳо дар иҷрои нақшаи худ аз хонандаҳо дархости кумак доранд.

«Дар ҳоли ҳозир, мо баъд аз дарс дар партовҳо оҳанпора мекобем. Дар хонаҳо дигар оҳан намондааст. Баъзе аз омӯзгорон аз хонандаҳои худ талаб доранд, ки ҳадди ақал 3-килоӣ оҳан биёранд», — афзуд ӯ.

Дар вилояти Дашоғуз кормандони бахши кишоварзӣ барои иҷрои нақшаи оҳани худ маҷбур шудаанд, ки техникаҳои куҳнаи кишоварзиро ба қисмҳо ҷудо карда, супоранд.

Талошҳои мо барои тасдиқи расмии хабари ҷамъоварии оҳанпора дар миёни омӯзгорон ва кормандони соҳаи кишоварзӣ бенатиҷа буданд. Мақомоти Туркманистон низ истифодаи меҳнати иҷбориро дар ин кишвар расман тасдиқ намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *