Кутори пиразани 61-сола аз ҷониби мӯйсафеди 74-сола

Бино ба маълумоти ВКД, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 30-солаи сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 1-уми октябри соли 2018, тахминан соатҳои 02:30-дақиқа, шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматиашон шуда, модараш зани 61-сола, зодаи ноҳияи Ванҷ, сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоевро зери лату кӯб қарор дода, бо олоти халандаю бурранда 3 маротиба ба қисми чапи гарданаш задаанд.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 74-солаи зодаи ноҳияи Ванҷ, сокини кӯчаи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *