МАРГИ ЗАНИ МАСТЧОҲӢ СУЙҚАСД АСТ Ё ТАСОДУФ?
Тӯли 4-5 рӯз аст, ки хабари ҳодисаи нохуше, ки ҷавонзани мастчоҳӣ дар шаби мавлуди ҷиянаш гӯё кислота хӯрда фавтидааст, дар минтақат Суғд, хосатан ноҳияи Мастчоҳ сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Аз ин рӯ ба боронӣ будани ҳаво нигоҳ накарда роҳ пеш гирифтем ба ҷои ҳодиса, то асли ҳолро аз забони шоҳидон бифаҳмем.
Ман ҳамеша кӯшиш мекардам ба хоҳиши занам нигоҳ кунам. Ҳамон шаб ҳам гуфтам, ки агар ин ҷо монданро хоҳӣ майлаш мон ҳамин ҷо. Хоб рав, инҳо якеш бачаи аммат, дуюмаш ҷияни худат, каси бегона не. Бо ҳамин хайрухуш карда бо духтарам Лола ба хона баргаштем. Соат тахмин 21 буд-мегӯяд шавҳари марҳум-Раҳматмулло Аҳроров.
Соати 4-и саҳар шавҳари ҷияни занам- Зиёдулло телефон кард. Бо овози ҳаяҷонолуд язна биё, ки апаи Сайидаро тобаш нест, ба беморхона мебарем гуфт. Ман ҳам як ҳамсояро гирифта паёпай ба беморхона рафтем…-меафзод ӯ.
Идомаи ҳодисаро, ки аз забони намояндагони ҷамоат ва аҳли оилаи марҳум нақл мекунад дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ