Парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошканд оғоз мешавад

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ифтитоҳи хатсайри нав ба самти Душанбе-Тошканд-Душанберо эълон намуд.
Ширкати «Сомон Эйр» ният дорад, ки иҷрои парвозҳоро аз Душанбе ба пойтахти Ўзбекистон- шаҳри Тошканд дар мавсими зимистон ҳафтае як маротиба- рўзи душанбе ба роҳ монад. Интизор меравад, ки дар мавсими тобистон миқдори хатсайрҳо зиёд шуда, ҳафтае ду маротиба- рўзҳои душанбе ва панҷшанбе иҷро хоҳанд шуд. Кушодашавии хатсайри нав ба сокинони Тоҷикистон ва Ўзбекистон имкон медиҳад, ки сафари худро дар ин ду масир осонтар кунанд.
10 феврал ҳавопаймо бо хатсайри санҷишӣ ва иштироки намояндагони сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон парвоз мекунад. Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ният доранд бо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Тошканд ва ширкати ҳавопаймоии «Узбекистон Ҳаво Йуллари» музокирот намуда, тамоми масъалаҳои ташкилиро вобаста ба кушодани хатсайри мунтазам баррасӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *