Маърифати исломӣ: Қироати Қуръон дар вақти кор

Ман корманд ҳастам ва дар ҷои кор дар вақтҳои холӣ Қуръон мехонам, вале раис маро аз ин кор манъ карда гуфт, ки ин вақти кор аст, на вақти қироати Қуръон. Ҳукми ин чист?

АСЛИДДИН

Посух:

-Агар кор надошта бошед, пас дар ин ҳолат Қуръон хондан ва ҳамчунин тасбеҳ (субҳоналлоҳ), таҳлил (ло илоҳа иллаллоҳ) гуфтан ва зикр кардан ҳеҷ ишколе надорад. Ин (амалҳо) аз хомӯш истодан беҳтар аст.

Аммо агар қироати Қуръон шуморо аз анҷоми коре, ки марбут ба коратон аст, боздорад, пас дар ин ҳолат ин амал бароятон ҷоиз нест, зеро ин вақт махсус барои кор ҷудо карда шудааст. Аз ин рӯ, бароятон ҷоиз нест, ки бо амале машғул бошед, ки шуморо аз анҷоми коратон боздорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *