Канзи шифо: Пиёз гайморитро даво мебахшад?

Чандест, ки аз бемории гайморит азият мекашам. Чандин усулро истифода карда, шифо наёфтам. Аз табиби мардумӣ Саидҷон Нодирӣ мехоҳам, ки тавсия диҳанд.

МАНСУР, шаҳри Душанбе

Посух:

— Пиёз яке аз василаҳои осони табобати гайморит аст. Тарбандӣ бо пиёз барои рафъи асорати шамолкашӣ, ҳангоми бронхит, отит, сулфа ва ҳатто систиту гайморит бисёр муфид аст. Ин тарбандиро дар шароити хона мустақилона тайёр кардан мумкин аст. Ба халтачаи аз дока дӯхташуда пиёзи резакардаро андохта, дар бӯғи оби ҷӯшидаистода тавре дошта истед, ки халтача ба об нарасад. Баъдан пиёзро гармогарм (ба дараҷае, ки баданро насӯзонад) ба матои ғафстар печонида, ба ҷои дардманд мебандед. Тарбандиро баъди 15-20 дақиқа кушода партофтан мумкин аст.

Ин тарзи муолиҷа ба организми инсон ягон зарра зарар намерасонад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.