Маърифати исломӣ: Бачаро шир надодан гуноҳ аст?

Келинам шир надорам гуфта, кӯдакашро намемаконад ва шири сунъӣ медиҳад. Вале ман дақиқ медонам, ки ӯ ин корро барои “фигурааш” вайрон нашудан мекунад. Ин хел занонро ислом чӣ ҷазо медиҳад?

Зебо ХОЛОВА, сокини Конибодом

Посух:

— Аслан, аз нигоҳи дини мубини ислом шир додани кӯдак бар зиммаи зан набуда, вазифаи мард аст. Шавҳар бояд барои сер кардани фарзандаш нигоҳубинкунанда киро кунад.

Танҳо дар сурати ба ғайр аз синаи модараш дигар ширро қабул накардани навзод, ба хотири саломатии фарзандаш, зан бояд ӯро бо шири пистони худ сер кунад. Кӯдак бо майли тамом шири сунъӣ мехӯрда бошад, намаконданаш гуноҳ нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *