Хатлон

Таъмиру бозсозии 44 иншоот дар Хатлон

Давоми даҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 44 иншооти таъиноти гуногуни тандурустӣ бозсозӣ ва сохта шудааст. Барои бунёд ва таъмири асосии иншооти мавриди назар каму беш 43 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

Аз Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар соли 2022 таъмир ва сохтмони 72 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Барои босифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти ба нақша гирифташуда харҷи беш аз 47 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

— Барои амалишавии нақша 47 дарсад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва наздики 50 дарсад шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маблағгузорӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин, саҳми соҳибкорон ва шарикони рушд дар амалишавии нақшаи сохтмони 72 иншооти соҳаи тандурустӣ гузошта мешавад,- афзуд манбаъ.

Бино ба иттилои расида, 19 иншоот барои соҳаи госпиталӣ ва боқимонда марказ ва бунгоҳҳои тиббӣ мебошанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *