Маърифати исломӣ: Баъди Исо кӣ Паёмбар буд?

Баъд аз ҳазрати Исо то ҳазрати Муҳаммад (с) ягон пайғамбар буд ё не? Агар паёмбаре дар ин давра нузул кардааст, исмаш чӣ буд?

ҚУЛХОҶА, аз шаҳри Ваҳдат

Посух:

— Фосилаи байни зиндагии ҳазрати Исо алайҳисалом ва ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамагӣ 623 сол аст, ки дар ин миён паёмбари дигаре нузул накардааст. Аввалин пайғамбар Одам (а) ва охирин пайғамбар ҳазрати Муҳаммад (с) аст.

Дар Қуръони карим танҳо номи 25 нафар пайғамбар зикр шудааст. Дар ҳадисҳои набавӣ шумораи пайғамбарон тибқи як ривоят 124 ҳазор ва ба ривояти дигар 224 ҳазор баён гардидааст, ки аз инҳо 313 нафарашон расул ҳастанд.

Вале беҳтар он аст, ки дар шумори пайғамбарон адади муайян зикр нашавад, зеро Худованд дар Қуръони маҷид мефармояд: «Аз онҳо касе ҳаст, ки қиссаашро бар ту хондаем ва аз онҳо касе ҳаст, ки қиссаашро бар ту нахондаем». («Ғофир»; 78. “Хулосатул-масоил”, ҷ. 1, с. 11-13; “Ҳошияи Совӣ”, ҷ. 4, с. 197-200).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *