Оливейра

Ситораи UFC бо овозхон муносибати ошиқона барқарор кард

Саҳифаи “mma.meta” хабар дод, ки яке аз варзишгарони маъруфи ташкилоти UFC Чарлз Оливейра бо овозхони бритониёӣ Dua lipa муносибати ошиқона барқарор кардааст.

Бинобар иттилои манбаъ, доири муносибат доштани варзишгари бразилиягӣ Чарлз Оливейра ва овозхони бритониёӣ Dua lipa расонаҳои амрикоӣ хабар додаанд.

Бояд гуфт, ки то ҳол варзишгар ва овозхон дар ин масъала расман чизе нагуфтаанд. Гуфта мешавад, ки ҳунарманди бритониёӣ Dua lipa пеш аз ин бо коргардони фаронсавӣ Роман Гавсар муносибат дошт.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Чарлз Оливейра дар доираи мусобиқаи UFC 289 Бенэил Дариушро шикаст дод ва эҳтимол бо чемпиони вазни сабук Ислом Махачев дар Абу-Дабӣ ба майдон барояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *