намоз

Маърифати исломӣ: Дар қиблаи таваккалӣ ибодат ҷоиз аст?

Тоҷир ҳастаму сафарҳои кории зиёд дорам. Дар кишварҳои пешрафта вақте ба биноҳо ворид мешавам, қибларо ёфтану намоз гузоштан хеле душвор мешавад ва аксар вақт ҳатто таваккалӣ намозамро мехонам. Мегуфтед, ки қибларо нодониста, намоз адо кардан ва баъди тамом кардан онро дубора хондан ҳатмист?

К. БАРОТОВ, тоҷир

Посух:

— Чунин ҳолат дар аксари инсонҳо рух медиҳад. Вақте инсон иштибоҳ мекунад ва намедонад, ки он кадом тараф аст, бояд ҷустуҷӯ кунад, яъне ин вазифаи асосии инсон маҳсуб меёбад. Агар рафту қибларо ҷустуҷӯ накарда, намозашро адо карда бошад ва баъдтар огоҳ шавад, ки қибларо хато кардааст, намозашро дубора мехонад. Вале дар сурати ҷустуҷӯ кардану хато хондан ва баъдтар муайян шавад, ки рӯй ба қибла набудааст, дубора намозашро намехонад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *