Аз таҳти дил бихандед!
Пиру ҳиллагар
Модар аз писараш мепурсад:
– Бачем, арӯсшавандаат чандсола аст?
Писар:
– 35-сола.
Модар:
– Наход ҳамин пирро ба занӣ гирӣ-а?
Писар:
– Оча, Гулноз ба назар 25-сола менамояд!
Модар:
– Ҳа, бар замми пир буданаш, боз ҳиллагар аст, гӯй!?
Хешовандон
Зану шавҳар бо мошин аз назди деҳае мегузаранд. Зан ду маркабро дида, ба шавҳараш мегўяд:
– Хешовандонатро дидӣ?
Шавҳар мегӯяд:
– Наход хусуру хушдоманамро надида гузарам!?,- ҷавоб медиҳад мард.
Эҳтиёт
Ронандаи таксӣ мошинро сахт ронда, ҳатто чароғаки сурхро мегузарад… Зани мусофире, ки дар дохили он менишаст, мегӯяд:
– Ронанда, мошинро боэҳтиёт ронед, ман дар хона ҳашт фарзанд дорам!
Ронанда бо чашмони пур аз ҳайрат мегӯяд:
– Шумо ба ман дар бораи эҳтиёт гап мезанед?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ