Маърифати исломӣ: Духтари русро ба занӣ гирам?
Дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба Наташа ном духтари рус дил бастам. Ҳарду ҳамкорем ва ӯро дӯст медорам. Наташа розӣ аст, ки ҳамсари ман шавад, вале дини исломро қабул кардан намехоҳад. Ба ман чӣ тавсия медиҳед?
САЛИМ, муҳоҷир аз ш. Санкт-Петербург
Посух:
— Насрониҳо низ аҳли китоб маҳсуб меёбанд, зеро чуноне, ки ба ҳазрати Муҳаммад (с) китоби муқаддаси Қуръон нозил гаштааст, дар замонаш ба Ҳазрати Исо китоби Инҷил ато шуда буд. Зиндагӣ кардани марди мусалмон бо зане, ки аҳли китоб бошад, гуноҳ нест, вале аслан никоҳ байни ду мусалмон баргузор мегардад. Шумо бештар дар бораи каломи Худо бо ин зан суҳбат намоед, боварӣ дорем, ки бо инояти парвардигор дини мубини исломро қабул мекунад. Вақте ки зан калимаи шаҳодатро ба забон овард, метавонед ӯро ба никоҳи худ дароред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ