Маърифати исломӣ: Дуои қайтарма
Чандест, ки каме нотобам. Баданам вазнин. Сарам дард мекунад. Дугонаам мегӯяд, ки қайтарма барои инсон хеле манфиатбахш аст. Мехостам фаҳмам, ки қайтарма чист? Ва барои қайтарма кардан кадом сураю дуоҳоро мехонанд?
САФАРГУЛ, шаҳри Бохтар
Посух:
— Маънои қайтарма такрор буда, сураи “Ёсин” ба такрор хонда мешавад. Як мубини сураро хонда тамом ки кардед, маротибаи дуюм боз аз якум мубин сар карда, то тамом шудани мубини дуюм мехонед. Маротибаи сеюм боз аз якум мубин оғоз карда, то охири мубини сеюм мехонед. Маротибаи чорум низ аз якум мубин сар карда, то тамом шудани мубини чаҳорум мехонед. Маротибаи панҷум аз якум мубин то панҷум, бори шашум аз якум мубин то шашум ва маротибаи ҳафтум аз мубини якум сар карда, то мубини ҳафтум хондан ҳатмӣ аст. Ин аст тарзи дурусти хондани қайтарма.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ