Канзи шифо: Чаро дар тирамоҳ мӯй мерезад?

Аз рӯи меъёр дар як рӯз бояд то 100 ё 50-70 тори мӯйи инсон резад, вале охири фасли тирамоҳ ва оғози зимистон рехтани мӯй зиёд мегардад. Гап сари он аст, ки дар фасли тобистон афзоиши мӯй аз андоза зиёд мегардаду дар арафаи зимистон мӯйи зиёдатӣ мерезад. Сабаби дигари рехтани мӯйи сар норасоии сафедаҳост. Мо дар фасли тобистон бо сабаби бештар меваву сабзавот хӯрданамон сафедаро хеле кам қабул мекунем. Барои ислоҳи ин ҳолат бештар гӯшти гову гӯсфанд, панир, фалла ва дигар маҳсулоти шириро истеъмол намоед.

Сари луч нагард

Дар ҳавои сард низ бонувони зиёдеро мебинем, ки сари луч мегарданд. Яке намехоҳад ороиши мӯяш вайрон шавад, дигаре гумон мекунад, ки рӯймоли ғафсу каллапӯшҳо зебанда нестанд. Трихологон -мутахассисони соҳаи солимии мӯйҳо ҳушдор месозанд, ки дар ҳавои сард сари луч гаштан оқибатҳои нохуш дорад. Ҳавои сард барои мӯйҳо стресси калон аст. Вақте мо ба берун дар ҳавои сард бо сари луч мебароем, рагҳои сар яку якбора танг мешаванд. Дар натиҷа гардиши хун халал ёфта, решаҳои мӯй ғизои даркориро намегиранд ва резиши мӯй зиёд мегардад.

Қисми зиёди бонувон барои он аз каллапӯшҳои ғафс худдорӣ менамоянд, ки мӯй дар зери он зуд ифлос мешавад. Сар дар дохили каллапӯш чун дар ҳаммом аст, пӯст нафас намекашад, арақ мекунад, равғанин мешавад. Ҳавои гарму намӣ боиси паҳншавии микроорганизмҳо мегардад ва сабӯсаки сару хориши пӯст зиёд мешавад. Каллапӯши танг боиси заифии мӯйҳо мегардад.

Мубориза бо ҳавои хушк

Тамоми таҷҳизоти хонагармкунӣ, аз қабили радиатор ва кондитсионерҳо мӯйи сарро сахт хушк месозанд. Аз рӯйи меъёр дар таркиби мӯйҳо аз 10 то 15% об аст, таҷҳизоти хонагармкунӣ ними ин намиро аз мӯй кашида мегиранд. Бо фен хушконидани сар ҳолати мӯйҳоро табоҳтар месозад. Аз ин ҷост, ки мӯй ба рехтан медарояду берангу беҷило мегардад. Барои рафъи ин ҳолат дар хонаҳо асбоби ҳаворо нармкунанда гузоштан лозим аст. Ин техникаи хонагиро аз мағозаҳо дастрас карда метавонед. Латтачаҳоро дар об тар карда дар ҳар ҷои хона овехтан низ муфид аст. Аз фен хеле кам истифода баред. Рафту бе фен наметавониста бошед, аз ҳарорати начандон гарми он истифода бурда мӯйро пурра нахушконед. Камбудии обро бо истифода аз косметика барои мӯй барқарор кардан лозим аст-шампунҳои нармкунанда, балзамҳо, кондитсионерҳо, тоникҳо. Ниқобҳои иборат аз сафеда, силикон, равғани растанӣ, алгинатҳо, хитозан ва аллантоин мӯйҳоро мулоим, нафис ва ҷиллодор месозаду ҳар як тори мӯйро ҳифз намуда мустаҳкам мегардонанд. Барои мубориза бурдан бо хушкӣ ва барқарорсозии мӯйҳо аз ниқобҳои зерини хонагӣ истифода бурдан мумкин аст.

Ниқоб барои мӯй

Зардии як дона тухмро бо 2 қошуқ коняк лат зада ба он 2 қошуқ равғани мушхор илова кунед. Маҳлули тайёршударо ба пӯсти саратон молида, боқимондаашро ба мӯйҳо молед. Сарро бо рӯймол ва сачоқ печонед, 20 дақиқа пас метавонед саратонро шӯед.

Ниқоб аз ҳардал (горчитса)

Як қошуқча ҳардали хушкро бо 2 қошуқ кефир лат зада, 1 қошуқ равғани зайтун ва зардии 1 тухмро илова кунед. Маҳлулро ба мӯйи тар молида, бо салафан ва сачоқ печонеду баъди 15 дақиқа мӯятонро бо шампун шӯед. Ниқоб гардиши хунро дар пӯст хубтар намуда решаҳои мӯйро ғизо мебахшад.

Ниқоб аз сабр

Як қошуқ шарбати сабрро бо 1 қошуқ асал ва як қошуқча равғани беданҷир омехта намуда, маҳлулро ба решаҳои мӯятон моледу ним соат нигоҳ доред. Баъдан мӯятонро бо шампун шӯед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *