Маърифати исломӣ: Кор кардани зани мусалмон равост?
Аксари мардон бар ин ақидаанд, ки бояд зан дар хона нишаста, ба тарбияи кӯдакон машғул шавад, вале дар шароити имрӯза танҳо бо даромади шавҳар зиндагиро пеш бурдан душвор аст. Мехостам фаҳмам, ки зан, агар ба хотири ба ҳамсараш дар кашидани аробаи зиндагӣ кумак расонидан дар ягон ҷо ба кор дарояд, гунаҳкор мешавад? Умуман, аз нигоҳи дини мубини ислом кор кардани зан ҷоиз аст ё не?
ГУЛНОРА, шаҳри Душанбе
Посух:
— Дини мубини ислом кор кардани занро манъ накардааст. Бонувон дар ҳолати зарурӣ ба хотири пеш бурдани зиндагӣ кор кунанд, вале риоя намудани шартҳои муқарраркардаи шариат дар ин маврид зарур аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ