Владимир Путин: Ҷаҳон хатарнок аст!

Президенти Русия гуфтааст, ки ҷаҳон бо хатарноктарин даҳа пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ аст.

Владимир Путин рӯзи 27-уми октябр дар Маҳфили таҳлилии «Валдай» кишварҳои ғарбиро дар вазъи ҳозираи ҷаҳон гунаҳкор донист. Ӯ афзуд, Ғарб урфи байналмилалиро нодида гирифт, то нуфузи худро ҳифз кунад ва кишварҳоеро, ки «тамаддунҳои дараҷаи ду» медонанд, зери назорати худ дароварад.

Ба иддаои раисҷумҳури Русия, Ғарб ба рақобатҳои одилона бо қудратҳои иқтисодӣ ва сиёсии Осиё қодир нест ва аз ин рӯ, ба таҳримҳои иқтисодӣ ва «инқилобҳои ранга» ба унвони силоҳе барои суст кардани рақибони худ рӯй овардааст.

Президенти Русия дар идома гуфт, ки аз фиристодани неруҳои русӣ ба Украина пушаймон нест. Путин ҳамчунин гуфт, ҳар лаҳза ба сарбозони рус, ки дар Украина ҷон бохтаанд, меандешад, вале Маскав ҳеҷ интихоби дигаре ба ғайр аз ҳамлаи низомӣ ба Украина надошт. Кремл ин ҳамлаи низомиро «амалиёти низомии вижа» ном мебарад.

Путин ҳукумати Амрико ва муттаҳидони он кишварро муттаҳам кард, ки дар як бозии қудратталабонаи «хатарнок ва хунин» талош мекунанд шартҳои худро ба кишварҳои дигари ҷаҳон бор кунанд. Ба иддаои вай, ҷанг дар Украина бахше аз талошҳои Ғарб барои мустаҳкам кардани нуфузаш бар ҷаҳон аст.

Путин ҷангро дар Украина набарде байни Ғарб ва Русия донист ва дар айни ҳол гуфт, ки то ҳудуде як «ҷанги дохилӣ» аст, зеро ба гуфтаи ӯ, русҳо ва украиниҳо як миллат ҳастанд. Киев ҳар ду назарияро ба шиддат рад кардааст. Ҷон Карби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико мегӯяд, ки дар суханони Путин ҳарфи наве ироа нашуд. Вай афзуд, ки ба бовари ӯ, ҳадафҳои стратегии Путин тағйир наёфтааст. «Путин намехоҳад Украина ба унвони як кишвари мустақил вуҷуд дошта бошад»,- илова кард ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *