Маърифати исломӣ: Рӯзи якшанбе чӣ иртибот ба Исо дорад?
Аксари масеҳиён рӯзи якшанберо рӯзи иди хеш мехонанд. Фаҳмидан мехостам, ки он вобастагие ба пайғамбар Исо (а) дорад?
МАРҶОНА, муҳоҷир
Посух:
— Худованд дар сураи Моида, ояти 114 мефармояд, ки “Исо ибни Марям арз кард, ки Худовандо, Парвардигоро, бар мо моидае фирист, то барои аввалу охири мо иде бошад ва нишонае аз ту бар мо рӯзӣ деҳ, Ту аз беҳтарин рӯзидиҳандагонӣ”. Чуноне аз оят бармеояд, нузули Моида дар рӯзи якшанбе буда ва шояд яке аз иллати эҳтироми рӯзи якшанбе дар назари масеҳиён низ ҳамин будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ