Чӣ гуна блогер ба ҷойи як телефон дуто хайр кард?

Чандест, ки дар Инстаграм як навори кутоҳ чарх мезанад. Дар он як навраси тоҷик аз блогери машҳур Некрӯз Худойбердиев, ки бо тахаллуси Nek маъруф аст, як телефони iPhone хоҳиш мекунад. Навори мазкур ба чашми блогер меафтад ва ӯ аз обуначиҳояш хоҳиш мекунад, ки саҳифаи расмии муаллифро барояш фиристанд, то хоҳишашро иҷро кунад.

Баъди ин ҳама Некрӯз Худойбердиев дар саҳифаи расмии худ бо нашри наворе нишон дод, ки наврасро пайдо карда, хоҳишашро иҷро намуд, вале дар видео як ҷилибият ҳам ҳаст.

Дар аввал дида мешавад, ки Некрӯз ба нафаре, ки худро Баҳром муаррифӣ мекунад, телефонро медиҳад ва пас аз он дар қисмати дуюми навор чунин мегӯяд:

— Мо ростӣ гап муаллифи навори паҳншударо хеле ҷустуҷӯ кардем. Нафаре, ки шумо дар аввали видео дидед ва мо ба ӯ телефон ҳадя кардем, муаллифи аслӣ набудааст, хато кардем. Балки он писаракеро, ки мо меҷустем, ин нафар аст, — гуфта, ба навраси дигар телефон медиҳад.

Мақсад, нафари аввалӣ аз ҳаво соҳиби телефон шуд ва қоил нашуд, ки муаллифи воқеӣ нест. Аммо блогер бо вуҷуди ба қавле фиреб хӯрданаш чизе намегӯяд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *