Маърифати исломӣ. Таҳаҷҷуд чӣ маъно дорад?

Барои кушоиши корамон намози таҳаҷҷуд мехонем, вале маънои ин калимаро намедонем. Илтимос, бигӯед, ки таҳаҷҷуд чӣ маънӣ дорад ва чаро номи намозро чунин гузоштаанд?

ШОИРА, ноҳияи Рашт

Посух:

— Таҳаҷҷуд ба маънои бархостан аз хоб аст ва мурод аз он шабзиндадорӣ мебошад, яъне кас шабҳоро бо намоз ва ибодати Худо зинда медорад.

Вақти таҳаҷҷуд баъд аз нисфи шаб шуруъ шуда, то тулӯи субҳи содиқ идома меёбад.

Намози таҳаҷҷуд аз ҳашт то 12 ракъат буда, савоби зиёд дорад. Дуои гузорандаи ин намоз қабулу мартабааш баланд мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *