“Lacoste”-и Барон нашр шуд
Барон – рэпсаро ва блогери тоҷик рэпи нави худро бо номи “Lacoste” дар шакли “Mood video” дар ютубканали “Avlod media” нашр кард.
“Mood video”-и “Lacoste” дар фарбикаи куҳнае бо иштироки худи рэпсаро ва як писару як духтари раққос наворбардорӣ шудааст. “Lacоste” бо ин ду мисраъ оғоз мешавад:
Тра, тра, тра, тра, тра, тра мефора бармта,
Тра, тра, тра, тра, тра мефора, мефора, мефора бармта.
Ёдовар мешавем, ки “Lacoste”-и Барон дар як шабонарӯз зиёда аз 200 ҳазор маротиба бозбинӣ шуда, дар Instagram ва Tik-Tok “хит” шуд ва ҳоло бархе корбарони фазои маҷозӣ зери он наворҳои кӯтоҳ нашр мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ