Тухм гарон шуд. Сабаб: содирот, мавсимӣ ё омили дигар? (аудио)

Дар Душанбе нархи тухм гарон шудааст. Сокинон мегӯянд, ки ҳоло як қуттии тухм аз 45 сомонӣ ҳам убур дорад. Ин дар ҳолест, ки қаблан як қутттии тухм аз 35 сомонӣ боло набуд.  Дар радифи тухм, нархи гӯшту пиёз низ гарон шудааст.

Бархе фурӯшандаҳо сабабро дар содироти тухм ба Узбекистон медонанд. Аммо бархеи дигар бар ин назаранд, ки болоравии нарх хусусияти мавсимӣ дорад. Ҳамчунин, муқоисаи нарх дар бозорҳо нишон додааст, ки арзиши гӯшт дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯш андак ва пиёз, ки ғизои тоҷиконро бе он тасаввур кардан мушкил аст, то 20 дарсад боло рафтааст.

Айни замон, бино ба гузориши нави Барномаи озуқавории СММ, ки нархи маҳсулотро дар бозорҳоро мушоҳида мекунад, арзиши маҳсулоте мисли биринҷ, лубӣ ва равған дар бозорҳои кишвар каме поин рафта, равғану биринҷ “арзон шудааст”.

Арзёбии Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ дар 6 бозори кишвар маълум кардааст, ки нархи тухм дар муқоиса бо ҳафтаи пеш гарон шудааст. Масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон то кунун сабаби асосии болоравии тухми мурғро нагуфтаанд.

Аммо дар гузашта яке аз сабабҳои боло рафтани нархи тухмро дар гарон будани арзиши хӯроки омехтаи парранда марбут дониста буданд. Зеро он аз хориҷи кишвар ворид шуда, таъсири худро ба нархи тухм мегузорад. Хӯроки омехтаи паранда ва қисмҳои таркибии он, аз ҷумла гандум, ҷуворимакка, кунҷораи лӯбиёгӣ ва офтобпараст асосан аз хориҷи кишвар, аз ҷумла  Қазоқистон ворид карда мешавад.

Тавре ки Pressa.tj хабар ёфт, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 170 корхонаи парандапарварӣ мавҷуд аст. Асосон корхонаҳои «Ганҷи Ҳилол»-и Файзобод, «Чӯҷаи зарин», «Парандапарварии Хуҷанд», «Парандапарваии Масчоҳ» ва «Тарз»-и шаҳри Ваҳдат бозори кишварро бо тухми мурғ таъмин мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *